Намоиши хизматрасониҳои “Амонатбонк” дар Кӯлоб

 30-юми августи соли равон дар назди бинои филиали №56-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоб дар доираи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, Nº586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, “Рӯзи саводнокии молиявӣ” доир гардид ва хизматрасониҳои  “Амонатбонк” ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоишгоҳи мазкур масъулини “Амонатбонк” ба мизоҷон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ алалхусус маҳсулоти қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, “Интернет-банкинг”, пардохти қулайи хизматрасониҳо тавассути барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва ғайра маълумот доданд.

Дар идомаи намоишгоҳ дар маҷлисгоҳи бинои филиали №56-и “Амонатбонк” мутахассисони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо рӯнамо оид ба тарзу услуби истифодаи “Барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва “Меъёри фоизи қарзҳо” баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, “Интернет-банкинг”, маҳсулоти қарзӣ бо фоизҳои дастрас, талаботҳо барои гирифтани қарз ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.

Пас аз рӯнамоӣ миёни иштирокдорони чорабинӣ суолу ҷавоб сурат гирифта, ба хотири ҳавасмандгардонӣ аз ҷониби масъулини бонк ба онҳо туҳфаҳо супорида шуд.

Боиси қайд аст, ки дар қисмати ниҳоии чорабинӣ корманди филиали №56-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мунисо Бобохонова барои муносибати поквиҷдона, самимӣ, муомила ва муоширати воло бо мизоҷон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии “Ҳомиёни ватан” бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *