Намоиши либосҳои ӯзбекӣ
Дар пойтахти Ӯзбекистон Ҳафтаи муд оғоз ёфт. Бахши аввали намоишро шеваи либоспӯшии сад соли гузашта ташкил дод.
Дар оғози намоишнома либосҳои анъанавии охири садаи 19 ва ибтидои садаи 20 нишон дода шуд. Дар ин маросим тарроҳони муд аз саросари кишвар ширкат мекунанд.
Ба андешаи тарроҳони хориҷӣ, барои мисол, бисёре аз итолиёиҳо ба истифодаи матои ӯзбекӣ бо тарҳи итолиёӣ ҳавасманданд, зеро матои ӯзбекӣ барои бисёриҳо писанд аст. Аммо дар даҳсолаи охир муносибат ба матои ӯзбекӣ дигаргун шуд.
Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ истеҳсолкунандагони пахтаи Ӯзбекистонро ба истифодаи меҳнати кӯдакон дар мавсими ҷамъоварии пахта айбдор мекунанд. Ӯзбекистон аз рӯи содироти пахта дар ҷаҳон ҷои сеюмро мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ