Намоиши «Матилда» — и Алексей Учител дар Санкт-Петербург

Нахустнамоиши «Матилда» — филми коргардони шинохтаи рус Алексей Учител, дар театрии Мариинскии Санкт-Петербург баргузор шуд. Учител аз ҷамъомадагон барои «матонаташон» изҳори сипос кард. Сомонаи «Фонтанка» рӯзи 23 октябр хабар дод, ки дар нахустнмоиши «Матилда» собиқ вазири молия Кудрин, соҳибкор Олег Тинков ва ҳунарманд Иван Ургант иштирок карданд.

Қабл аз оғози филм ҳузури сарбозони ОМОН дар назди театр мушоҳида шуд. 15 мухолифи намоиши «Матилда» низ бо аксҳои шоҳ Николаи II дар нади театр ҳозир шуданд. Фаълони гурӯҳи ҷавнон бо номи «Весна» бо навиштаҷоти русиягиҳоро аз «террористҳои ортодокс» наҷот диҳад» таҷаммӯъ карданд..

Як гурӯҳ бо номи «Давлати Масеҳӣ» ва Фаъолони калисои провославӣ гуфта буданд, онҳо ҳар кинотеатреро оташ мезананд, ки дар он филм ба намоиш медарояд.

Маъракаи зидди филми «Матилда»-ро депутат Наталя Поклонская пеш мебарад. Ба назари Поклонская филм дар бораи достони ишқи императори оянда Николай-II бо раққосаи белат Матилда Ксешиская ба эҳсоси имондорон зарба мезанад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *