Намоиши садамаи нақлиётӣ: “Мусофирон наҷот дода шуданд”
Филиали Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзиши «Системаи идорӣ дар ҳолатҳои фавқулодда» ва омўзиши «Посухдиҳандагони аввалин дар ҳолати таъҷилӣ»-ро бо хизматчиёни ҳарбии Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандозӣ кард.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақсад аз гузаронидани курсҳои омӯзиши мазкур — ин баланд бардоштани маҳорати касбии хизматчиёни ҳарбии Раёсат ва такмил додани машғулиятҳои амалӣ — интерактивӣ, пешниҳод намудани маълумоти муқаддимавӣ оид ба принсипҳои арзёбии фаврӣ дар ҷои ҳодиса, расонидани ёрии авалия ба осебдидагон, инчунин эътино ва дастгирии аҳолӣ дар ҷойи ҳодиса ҳисоб меёбад.
— Дар чорабинии мазкур аз тарафи Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат ва бо ҳамкории намояндагони Бозрасии давлати автомобилии вилоят, Раёсати Хадамоти давлати оташнишонии вилоят ва ёрии таъҷилии тиббии вилоят як намоиши садамаи нақлиётӣ ва наҷот додани мусофирони он нишон дода шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ