Намояндаҳои Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи байналмилалии «Лидер СНГ» шуданд
Директори тарабхонаи «Бухоро» дар шаҳри Душанбе Самандар Суннатзода ва директори генералии ширкати мобилии «Tcell» Озодхон Давлатшоев сазовори ҷоизаи байналмилалии «Лидер СНГ» гардиданд.
Гуфта мешавад, ки ин нишони сарисинагӣ ва ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод ва татбиқи технологияҳои муосир дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, пешниҳоди маҳсулоти беҳтарин ва босифат, хизматрасонии муосир, инчунин малакаи баланди роҳбарӣ ба мудирони ширкатҳои бонуфузи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақдим мегардад.
Ба ду намояндаи Тоҷикистон ҷоизаҳо дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шудааст.
Бояд гуфт, ки тарабхонаи «Бухоро» яке аз 5 беҳтарин муассисаи хизматрасонии тарабхонаҳо дар пойтахти Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои масъулини Комиссияи ҷоизаи «Лидер СНГ», тарабхонаи «Бухоро» чанд маротиба дар озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ амалӣ шудааст, сазовори ҷойи аввал ва унвони «Беҳтарин тарабхона» гардидааст.
Ширкати Тcell яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст. Ширкати мазкур дар рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нақши назаррас дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ