Намояндаҳои Вазорати саноат ва савдои Русия ба Суғд омаданд
Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 269 корхонаву коргоҳи нав бо 2455 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудаааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 млрд 51,9 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 2,9 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.
Ин омор дар суҳбати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони Вазорати саноат ва савдои Русия ва Шӯрои доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Русия садо дод.
Гуфта мешавад, ки 18 январ намояндагони Вазорати саноат ва савдои Русия ва Шӯрои доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Русия ба вилояти Суғд омадаанд.
Меҳмононро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ба ҳузур пазируфтааст.
“Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳои иқтисодиро баррасӣ карда, барои истифода аз имкониятҳои мавҷуда изҳори омодагӣ намуданд”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тазаккур дода шудааст, ки дар вилоят фазои мусоиди сармоягузорӣ мавҷуд аст. Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба то имрӯз якчанд корхонаҳои муштарак бо шарикони рушд аз Русия бунёд гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ