Намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар ДМТ
Намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии директори минтақавии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Бино ба иттилои ДМТ, дар оғоз меҳмонон бо роҳбаладии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ. Х. аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултети иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намудаанд.
Сипас дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрии намояндагони Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардидааст. Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. оғоз ёфта, таъкид шудааст, ки семинар баҳри такмил додани донишҳои молиявии мутахассисон мусоидат менамояд.
— Суханронии директори минтақавии Бонк дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова ва намояндаи Бонк Майя Ҳеннкеркес самтҳои гуногуни фаъалияти молиявии Бонкро дар бар мегирифт. Дар зимн роҷеъ ба ҳамкорӣ ва мусоидати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар пешрафти самтҳои гуногуни минтақа, аз ҷумла иқтисоду иҷтимоиёт андешаҳои ҷолиб сурат гирифта, миёни меҳмонону донишҷӯён ҷиҳати ҳамкориҳои судманд, таъмини мутахассисон ба ҷойи кор, ҳамкорӣ дар самти лоиҳаҳои байналмилалӣ суолу ҷавоб сурат гирифт,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ