Намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон ба Теҳрон рафтанд

Имрӯз дар Теҳрон иҷлосияи ҳафтуми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО- ECO) оғоз меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлосияи ҳафтуми роҳбарони мақомоти гумруки ЭКО Хуршед Каримзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ менамояд.
Интизор меравад, ки дар иҷлосияи ҳафтуми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ЭКО масоили марбут ба таҳкими ҳамкории гумрукӣ баррасӣ гардад.
Дар иҷлосия дар радифи ҳайатҳои баландпояи гумрукии кишварҳои ЭКО, инчунин иштироки намояндагони Созмони ҷаҳонии гумрук, Созмони байналмилалии ҳамлу нақли ҷодаӣ дар назар аст.
Ҳамзамон интизор меравад, ки дар доираи баргузории иҷлосияи ҳафтуми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ЭКО дар Теҳрон семинари омӯзишӣ бо ҳузури Серхио Мухика, муовини раиси Созмони ҷаҳонии гумрук ва мулоқоти роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои ЭКО доир гардад.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ созмони минтақавӣ буда, соли 1985 таъсис дода шуда, алҳол даҳ кишвари ҷаҳон, назири Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷонро дар худ муттаҳид менамояд. Қароргоҳи ЭКО дар Теҳрон воқеъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *