Намояндагони созмонҳои ҷавонони рус ба Душанбе омаданд
Имрӯз, 28 сентябр дар шаҳри Душанбе конфронси 2 –юми минтақавии ҷавонони ҳамватанони рус аз хориҷи наздик ба кор шурӯъ кард.
Ин чорабинӣ бо мусоидати сафорати Русия дар Тоҷикистон дар заминаи намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шуда, рӯзи 29 сентябр ба анҷом мерасад.
Беш аз 30 намояндаи созмонҳои ҷавонони диаспораи рус аз 8 кишвари ҷаҳон, намояндагони “Россотрудничество”, “Росмолодеж”, инчунин, кормандони муассисаҳои хориҷии Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе иштирок мекунанд.
Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён масъалаҳои мубрами муттаҳидсозии созмонҳои ҷавонон, инчунин, самтҳои фаъолияти минбаъдаи муштарак, аз ҷумла масъалаи ҳифзи ҳақиқати таърихӣ дар кишварҳои ИДМ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватаниро баррасӣ хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ