Намояндагони ВКХ-и кишварҳои СПАД дар Минск ҷамъ омаданд

— Дар шаҳри Минск ҷаласаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад,- иттилоъ медиҳад хабаргузории “БЕЛТА”-и Белорусия.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ин мулоқот дар остонаи нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД, ки рӯзҳои 19-20-уми июн дар Минск дар назар аст, баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин машварат муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода раҳбарӣ мекард. Самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СПАД, аз ҷумла имкони таҳкими иқтидори таҳлилии созмон ва кишварҳои узви он баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин машварат доир ба иқдомоти минбаъдаи рушди муколамаи СПАД бо дигар созмонҳои байналмилалӣ (СММ, ИДМ, СҲШ) ва кишварҳои алоҳида табодули афкор сурат гирифт. Илова бар ин, масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *