Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон дар Тоҷикистон

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар АфғонистонТомас Никлассон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯро имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили таъмини амнияти минтақавиро аз ҷумлаи самтҳои муҳими шарикӣ донистанд.

Ҷонибҳо вобаста ба вазъи имрӯзаи низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.

Инчунин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчи зудтар афзоиш додани ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро таъкид кард ва омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба барои расонидани кумак тавассути имкониятҳои логистикии худ изҳор дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *