Намояндаи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ
Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо Эдуардс Стипрайсро ба мақоми намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ таъйин намуд.
Ӯ аз 1-уми марти соли ҷорӣ ба ҷои Терҳи Ҳакала, ки то ин дам вазифаи намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказиро бар уҳда дорад, кори худро оғоз мекунад.
Стипрайс, дипломати латвиягӣ буда, қаблан намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Ӯзбекистонро роҳбарӣ мекардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи сафири Латвия дар Британияи Кабир ва Фаронса кор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ