Намояндаи Русия дар СММ: Терористон дар Афғонистон ҳамарӯза меафзояд…
Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, шумораи ҷангиёни «ДОИШ» дар шимоли Афғонистон ҳамарӯза меафзояд… Небензя мегӯяд, шумораи ҷангиёни «ДОИШ» дар Афғонистон феълан ҳудуди 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
“Дар меҳвари таваҷҷуҳи мо фаъолшавии рӯзафзуни қаноти «ДОИШ» дар Афғонистон мебошад. Ҷангиёни ин қанот асосан аз ҳисоби ҷинояткороне, ки дар Сурия ва Ироқ таҷриба гирифтаанд, таъмин мешавад», — изҳор доштааст Небензя ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ.
Ӯ афзуд, ки тарғибу ташвиқи густурдаи «ДОИШ» тариқи технологияи иттилоотӣ — коммуникатсионӣ таҳдиди дигари ҷиддӣ мебошад.
Ба иттилои Небензя сарфи назар аз иттилои нашршуда дар бораи шикасти ҷангиёни «ДОИШ» дар Ҷузҷон, ин созмони террористӣ мавқеи устуворашро дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон нигоҳ дошта истодааст.
Небензя таъкид намудааст, ки ин таҳдиди ҷиддӣ барои ҳам Русия ва ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Ӯ бори дигар пешниҳоди Русияро барои ташкили Паймони васеи зиддитеррористӣ дар ҷаҳон зикр кард.
Қаблан намояндаи доимии Русия дар СММ мақомоти махсуси кишварҳои хориҷиро дар таъмини силоҳ барои ҷангиёни «ДОИШ» муттаҳам карда буд. Ӯ гуфт, таъминоти силоҳ зери назар ва бо пуштибонии мақомоти махсуси бархе аз кишварҳо амалӣ карда мешавад.
Небензя гуфт, ин масъаларо дар ҳамоиши васеи байналмилалии мубориза бо терроризм ба миён хоҳад гузошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ