Намози нафл ихтиёрӣ аст ва чанд ракъат, ки мехоҳед, метавонед бигузоред
Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба як қатор саволҳои суолгузорандагон посух дод, ки беҳтаринҳояшро пешкаши хонандагони азиз месозем.
Мадина аз шаҳри Ҳисор чунин изҳор намудааст:
— Соли гузашта дар моҳи Рамазон ҳомила будам, аз ин рў, рўза дошта натавонистам. Имсол рўза гирифтам, аммо мехоҳам пас аз моҳи Рамазон қарзи порсолаамро ҳам адо кунам. Чӣ қадар бояд рӯза дорам ва оё намози нафл гузорам?
Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар шарҳи ин суол мегӯяд:
— Хоҳари азиз, шумо як моҳ бояд рўза доред, дар ин ҳолат қарзи шумо адо мешавад. Дар вақти ба ҷо овардани қазои рўза нияти рўзаи қазоӣ мекунед, вале пай дар пай доштани он шарту ҳатмӣ нест, метавонед, ки онро ба сурати ҷудо-ҷудо низ адо кунед. Намози нафл ихтиёрӣ аст ва чанд ракъат, ки мехоҳед, метавонед бигузоред.
Насрулло аз шаҳри Ваҳдат бошад, пурсидааст:
— Беморе, ки дар моҳи Рамазон рўза гирифта натавонист, чӣ гуна кафорати рўза медиҳад?
Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода посух медиҳад:
— Бародари азиз, барои шахси бемор кафорат нест, балки пас аз сиҳат ёфтан дар вақти муносиб қазои рўзаро медорад.
Фирдавс аз ноҳияи Шаҳринав бо чунин суол муроҷиат кардааст:
— Агар шахс рўзаи як рўзи моҳи Рамазонро қасдан шиканад, баъд аз моҳи муборак бояд чанд рўз рўза дорад?
— Бар шахсе, ки рӯзаашро бесабаб ва қасдан мехӯрад, қазо ва кафорат лозим мегардад, яъне пас аз моҳи муборак ду моҳу як рўз рўза медорад, ду моҳ рўза барои кафорат ва як рўз барои қазо,- посух медиҳад Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ