Наргис Касимова: Боварӣ ба худ ва муҳаббат ба аудитория намерасад
Наргис Касимова аз ҷумлаи журналистони саршиноси кишвар аст. Ӯро дар ҳар хонадони тоҷик ҳамчун наттоқи барномаи иттилоотӣ, муаллиф ва ровии барномаҳои «Вместе» , «Тема дня», «Карера» ва ғайраҳо мешиносанд.
Бо вуҷуди фаъолияти бисёрсолаи мавсуф дар соҳаи журналистика, ки корҳои анҷомдодааш боиси таҳсинанд, чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гардид ва ҳамчун блогер худро муаррифӣ кард. “Оила” бо Наргис Касимова дар бораи фаъолияти блогерӣ, махсусияти пешбурди блог, сатҳу сифати блогинги тоҷик, мушкилоту пешравиҳои ин соҳа ва андозсупориву нақшаҳои созандаи ояндааш суҳбат кард.
— Шуморо ҳамагон чун журналистони муваффақи телевизион, ровӣ ва муаллифи барномаҳо мешиносанд. Чаро тасмим гирифтед, ки бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фаъол гардед ва блогер шавед?
— Сабаби аслии блогер шудани ман ин аст, ки фикр кардам аудиторияамро аз даст дода истодаам. Журналист бояд ҳамеша ҳамқадами замон бошад ва ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол набудан имкон надорад. Феълан ҳам наворбардор, ҳам танзимгар, ҳам коргардон, ҳам сенарист ва ҳам ровӣ ҳастам.
— Ҳоло киро метавон блогер гуфт ва аслан ин кор ё машғулият чӣ талабот дорад?
— Мо дар шароите зиндагӣ мекунем, ки ҳар кас метавонад блоги худро фаъол карда, доир ба он чизе, ки мехоҳад дар доираи қонуну ахлоқ ба мардум расонад. Намедонам блогерӣ чӣ гуна мӯд шуд, аммо ин раванд ба ман хеле писанд аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо имконоти зиёд додаанд, ки худро муаррифӣ намоем.
— Мазмуни наворҳоятон дар Инстаграм гуногун аст. Ҳам тавсиявӣ, ҳам фароғатӣ, ҳам назари хос ва ҳам навгонӣ. Формати саҳифатонро чӣ гуна муайян кардед ва идеяи таҳияи наворҳо аз куҷо пайдо мешавад?
— Дар аввал фикр кардам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ матн ва сурат хуб қабул мешавад ва нияти таҳияи наворро надоштам. Аммо чун фаҳмидам навор муҳим аст, сабту пахши видеоҳои гуногунро оғоз кардам. Тӯли як соли фаъолияти блогерӣ дарк кардам, ки агар дар фазои интернет ҷолиб будан хоҳӣ, аз таҷриба кардан, худро иваз кардан, дар формату жанрҳои гуногун матлаб таҳия кардан бояд натарсӣ.
— Таҷрибаи журналистии шумо дар блогериатон кумак мекунад?
— Дар аввал бо формати телевизионӣ наворҳоямро таҳия мекардам, аммо дарк кардам, ки дар интернет дигар хел будан беҳтар аст. Дар умум таҷрибае, ки солҳои зиёд дар телевизион аз бар кардам, хеле кумак мекунад.
— Аудиторияе, ки дар сегменти тоҷикии Инстаграм фаъол аст, зиёдтар ба саҳифаҳое таваҷҷуҳ мекунад, ки фароғативу ҳаҷвиянд. Чаро чунин аст?
— Дар ин масъала, ки таваҷҷуҳ нисбат ба саҳифаҳои фароғатӣ ё ҳаҷвӣ зиёд аст, ягон бадӣ намебинам, баръакс ман ҳам яке аз бинандагони чунин блогҳо ҳастам. Аммо гап сари сифат меравад, ки муҳтавои наворҳои он саҳифаҳо чӣ гуна аст ва чӣ хел таҳия мегарданд. Агар бо сифати хуб бошанду дар доираи ахлоқ, пас хеле хуб аст, аммо бо овози пасту навори бесифат таҳия кардан, маънои аудиторияро эҳтиром накардан аст, зеро ҳоло замонест, ки бо ёрии барномаҳо метавон хеле корҳои босифат кард.
— Дар кори блогерӣ душвориро ҳис мекунед?
— Кори блог осон нест, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи идеяҳои нав, қаҳрамонҳои нав, мавзуъҳои нав, ҳикояҳои нав бояд бошӣ. Ҳамчунин, навиштани матн, наворбардорӣ, танзим ва ғайраҳо хеле вақти зиёд мегирад. Ҳамзамон, барои пешравии блог бояд аз ҳаводиси кишвари худу ҷаҳон, навгонии дигар блогерон ва “тренд”-ҳо бохабар бошӣ.
— Шумо бисёртар кӯшиш мекунед, ки обуначиҳоятон суханвариро омӯзанд ва дар назди мардум нотарсида гап зананд. Ба онҳо дар ҳақиқат ёрӣ расонида метавонед?
— Ман ҳамеша ба иштирокчиёни курсҳоям ва обуначиҳоям мегӯям, ки шумо метавонед тавсияҳои маро ҳар рӯз гӯш кунед, маълумоту илҳом гиред, аммо то худатон кӯшиш накунед, ба чизе ноил намегардед. Бояд ҳар кас аз таҳти дил болои малакаҳояш кор кунад ва баъд ба хостаҳояш мерасад.
— Сифати наворҳои шумо хуб аст, оё тими алоҳидаи худро доред ё масъалаи наворбардориву танзим бо иҷора ҳал мешавад?
— Вақте ки ман барои Ютуб барнома сабт карданӣ шавам, студия меравам, ки онҷо камераву наворбардору дигар лавозимот мавҷуданд. Аммо барои наворҳои кӯтоҳи саҳифаи Инстаграмам танҳо телефонам басанда аст.
— Маълум аст, ки барои таҳияи наворҳо, махсусан подкастҳо пули зиёд харҷ мекунед, оё аз ин кор фоида ба даст меоред?
— Дар аввал ман танҳо харҷ мекардаму даромад надоштам, вале ҳоло даромад дорам. Ин корро ҳама карда метавонад, аммо дар ҳоле, ки аз роҳаш нагардад ва хеле зиёд кӯшиш кунад.
— Дар Ютуб ҳам саҳифаатонро хеле хуб пеш мебаред. Бигӯед, ки идеяи пеш бурдани подкаст чӣ гуна пайдо шуд?
— Ростӣ, он тавре фикр мекунед, нест. Аудиторияи ман подкастҳоямро хеле кам тамошо мекунанд, балки саҳифаам ба воситаи видеоҳои кӯтоҳ, ки дар Ютуб “shorts” мегӯянд, тамошобин пайдо кардааст.
— Мавзуъҳои подкастҳои шумо хеле муҳиманд. Онҳоро чӣ гуна интихоб мекунед ва дар ёфтани мусоҳиб танқисӣ намекашед?
— Дар оғози кор мавзуъ ва мусоҳиб меҷустам, ки чандон осон нест. Ҳоло аксаран мусоҳибон пешниҳод мекунанд, ки дар мавзӯи муайян суҳбат кунем ва ман дар миёни шумораи зиёд интихобан кор мекунам. Бисёр хуб аст, ки як нафар худаш тасмим мегирад, ки кадом мавзуъ ва кадом мусоҳиб дар саҳифааш бошад.
— Дар Ютуб блогерони тоҷик бо мазмунҳои гуногун барномаҳоро дар жанри мусоҳиба нашр мекунанд. Ба фикри шумо бисёр будани чунин мусоҳибаҳо, ки аксаран начандон хуб таҳия мешаванд, чӣ бадиву чӣ хубӣ дорад?
— Арзи вуҷуд доштани лоиҳаҳои зиёд дар интернет ба ман писанд аст. Албатта, яку якбора матлаби босифат омода кардан кори осон нест, аммо бо гузашти вақт ин кор ҳам мешавад. Яке аз ҳамкорони ман гуфт, ки сифати блогинги тоҷик ҳамон вақте беҳтару хубтар мешавад, ки журналистон фаъол гарданд. Ҳоло журналистика дигар шудааст, аммо бархе ҳамкорон инро қабул намекунанд, худро дар фазои нав ва форматҳои нав санҷидан намехоҳанд.
— Дар умум сифати блогингро дар Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед?
— Блогинги тоҷик рӯ ба рушд аст. Номҳои нав ва форматҳои навро дида хурсанд мешавам, ки бачаҳои мо новобаста ба синну сол ва таҷрибаву ихтисос саҳифаҳояшонро хуб пеш мебаранд. Ман ҳам мехоҳам блогам бо забони тоҷикӣ бошад, аммо аз сабаби хуб набудани забони тоҷикиам, бо забони русӣ фаъолият мекунам. Бояд бигӯям, ки бо забони русӣ бошад ҳам, хеле фоидаи калон дорад, зеро хориҷиён мебинанд ва доир ба миллату давлати мо иттилои фаровон мегиранд.
— Ба блогинг ва блогерони мо чӣ намерасад?
— Боварӣ ба худ ва муҳаббат ба аудитория.
— Сари ҳар чанд вақт масъалаи аз андозсупорӣ саркашӣ кардани блогерон дар сархати хабарҳо мебарояд. Шумо ҳам блогери андозсупор ҳастед?
— Пардохти андоз аз фоида бисёр муҳим аст ва ман низ ҳамчун блогер андоз месупорам.
— Дар охир нақшаҳоятонро доир ба пешбурди саҳифаҳоятон шунидан мехостем.
— Нақша дорам, ки бо блогерони дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ наворҳои ҳаммуаллифӣ таҳия кунам ва миллату кишварро зиёдтар муаррифӣ намоям.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ