Наргис Касимова: Духтарам ҳамсоли “Сафина” аст
«Муҳаббат», «кӯдакон» ва «команда» бо ҳамин се калима Наргис Касимова телевизиони «Сафина»-ро ба мо шиносонид. Ба «Сафина» меҳри зиёд дорад, «Сафина» ҳамсоли фарзанди нахустинаш аст ва қариб, ки кӯдаконаш дар ин ҷо калон шудаанд ва сабаби осон будани корро дар фаъолияти якҷоя бо кормандони ин шабака медонад.
Наргис Касимова наттоқи барномаи «Навид» (ба забони русӣ) ва муаллифи чандин барномаҳои телевизионӣ буда, таъсисдиҳандаи Ташкилоти ҷамъиятии «Даст ба даст» мебошад, ки истеъдодҳои ҷавонро дар соҳаи журналистика дастгирӣ менамояд.
Ӯ факултети филологияи руси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро хатм кардааст. Мегӯяд, ки ба журналистика тасодуфан омадааст. Дар соли дуюми таҳсил бо роҳнамоии модари дӯсташ ба радио барои шиносоӣ рафтааст ва аз ҳамон вақт меҳри радио, журналистика дар дилаш пайдо шудаву ояндаашро ба ин пеша бахшидааст.
Фаъолияти эҷодии Наргис Касимова аз радио оғоз мегирад. Аввалин барномаи ӯ «Диалог» буд. Баъдан, ба ҳайси ровии барномаҳои ҷавонон дар радиои «Садои Душанбе» кор кардааст.
Ибтидои солҳои 2000-ум дар баробари кор дар радио Наргис Касимоваро ба ҳайси ровӣ ба телевизион даъват мешавад. Наргис дар баёни муҳаббаташ ба «Сафина» мегӯяд:
— Соли 2005 ман соҳиби духтар шудам. Ҳамон сол «Сафина» ба фаъолият шурӯъ кард. Духтарам ҳамсоли «Сафина» аст. Аз ин ҷост, ки ин телевизионро ҳамчун духтарам дӯст медорам.
Наргис нақши «Сафина»-ро дар ҳаёташ калидӣ медонад.
-Ин телевизион бароям ҳам нон дод ва ҳам ном, — мегӯяд ӯ
Ӯ мактаби телевизиони «Сафина» — ро нодир ва баргузида медонад. Беҳтарин журналистони телевизион маҳз дар ҳамин ҷо сайқал ёфтанд ва маҳбубият пайдо карданд.
Наргис Касимова айни замон муаллифи барномаҳои «Вместе» , «Тема дня», «Карера» ва ғайра мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ