Нарх гарон нест, мо пул надорем…

Шуруъ аз ибтидои моҳи август дар саросари ҷумҳурӣ ярмаркаҳои либос ва лавозимоти мактабӣ эълон гардида, то поёни моҳ давом мекунанд. Мақсад аз баргузории ярмаркаҳо бо нархи дастрас пешниҳод кардани либос ва лавозимоти мактабӣ арзёбӣ мешавад.

Мо ба чанд нуқтаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар пойтахт сар задем, то бубинем, ки нархҳо барои волидайн дастрас аст ё не.

Аввал ба Маркази савдои “Садбарг” рафтем. Дар қатори дигар маконҳои шаҳр имсол дар ин ҷо ярмаркаи лавозимоти мактабӣ ташкил шудааст, аммо дар “Садбарг” фақат лавозимоти хониш ба фурӯш гузошта шудаасту халос. Либоси мактабӣ дар ин ҷо (ба истиснои мағозаҳои алоҳида) нест.

Сокинони шаҳр мегӯянд, ки нархи либосу лавозимоти мактабӣ дар бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат” (МС “Ганҷина”) ва “Корвон” арзонтар аст. Бинобар ин, аз ин се ярмаркаи бузург низ дидан кардем.

Дар “Меҳргон” нархи шиму костюм назар ба “Корвон” андак гаронтар аст.  «Сифаташ низ фарқ мекунад. Шояд дар “Корвон” маҳсулоти ба табъи дилро пайдо карда нашавад, новобаста ба он, ки мол зиёд аст. Аммо мо қариб тамоми моделҳои шиму костюмро дорем»,- мегӯяд яке аз фурӯшандагони бозори “Меҳргон”.

“Мо қариб ҳар сол барои харидории сарулибоси мактабӣ ба “Корвон”-у “Саховат” меоем. Ин ҷо ҳам лавозимоти мактабӣ муҳайё аст, ҳам метавон бо нархи дастрас харидорӣ кард“,- мегӯяд модари ду фарзанд бо номи Амина, ки аз шаҳри Турсунзода ба ин ҷо омадааст.

“Нархҳо гарон нестанд, вале мо пул надорем”,- мегӯяд Сарварой ном сокини 36-солаи шаҳри Душанбе, ки шавҳараш 6 моҳ пеш аз Русия депорт шудаасту 3 фарзанди мактабхон дорад.

“Аз 800 то 1000 сомонӣ лозим аст, ки як кӯдакро ба мактаб фиристем. Албатта, дар шароити имрӯз ин пули зиёд нест, вале барои оилаи мо душвор аст. Ман 8 набераамро ба мактаб бояд фиристам. Ду писарам дар Русия. Мегӯянд, ки шароити корашон душвортар шудааст. Мисли пештара пул фиристода наметавонанд. Беш аз 10 ҳазор сомонӣ лозим аст, ки кӯдаконро ба мактаб тайёр кунем”,- мегӯяд Зуҳрохола, ки бо набераҳояш дар бозори “Корвон” бо мо суҳбат кард.

Зиндагии аксари хонаводаҳои кишвар аз ҳисоби муҳоҷирон мечархад. Вале тавре маълум аст, феълан шароити муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия хуб нест. Тоҷирон низ мегӯянд, ки мардум чун солҳои пеш имкони васеъи харидориро надоранд ва бисёр сарфакоранд…

Дар баробари ярмаркаҳо мағозаҳое низ дар пойтахт ҳастанд, ки барои либоси мактабӣ тахфиф эълон кардаанд. Дар бархе аз ин мағозаҳо нархи сарулибос 300-400 сомониро ташкил медиҳад, вале харидорон мегӯянд, ки сифати либосҳои тахфифӣ на ҳамеша қобили қабул аст.

Нархи либос ва лавозимоти мактабиро дар инфографика нишон додем.

Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *