Нархҳо чӣ қадар қиммат шуданд?

Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки  сатҳи таваррум дар моҳи сентябр 0,4%-ро ташкил дода, нишондоди солонааш ба 6,4 фоиз баробар шудааст. 

Дар ин бора Бонки Миллӣ  хабар дода, дар шарҳи он тағйирёбии нархи молу хизматрасониҳоро дар Тоҷикистон тайи 12 моҳи охирро зикр карданд.

Ба иттилои ин ниҳод нархи хизматрасониҳои нақлиёти мусофирбар 9,9 фоиз, маишӣ 8,1%, алоқа-0,1%, маориф-12,1%, иҷорапулии манзил-5,9% ва манзилию коммуналӣ-5,8% боло рафтааст: “Тайи 12 моҳи охир маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз ҷумла гази моеъ 28,1 фоиз, либос ва пойафзол 16,9 фоиз, доруворӣ 15,0 фоиз қиммат шудааст”.

Ба иттилои манбаъ маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла шакар 21,7 фоиз, равған 11,9 фоиз боло рафтааст, ки ба тағйирот дар бозори ҷаҳонӣ рабт дода мешавад: “Дар баробари ин тухм-0,8%, гӯшт ва маҳсулоти он-2,4%, нон ва маҳсулоти нонӣ-1,5% арзон шудаанд”.

Бонки миллӣ таъкид намуд, ки сатҳи муътадили талаботи дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ ба авҷ наёфтани таваррум мусоидат намуда истодааст. Ин ниҳод пешгӯӣ кардааст, ки “интизор меравад, дар моҳҳои октябр-декабри соли равон бо дарназардошти болоравии ба нақша гирифташудаи нархҳои хизматрасонии обтаъминкунӣ ва нерӯи барқ, меъёри таваррум дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда 7,0 фоизи солона ҷамъбаст хоҳад ёфт”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *