Нархи «Ҳаҷ» боз қиммат шуд

Гурӯҳи аввали зоирони тоҷик барои адои «Ҳаҷ» ба шаҳри Макка ва Мадина рӯзи 6 август сафар хоҳанд кард.

Дар ин бора аз  Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ руйхати сафари “Ҳаҷ” бо ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ  “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр”  ва ширкатҳои ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ  тасдиқ шудааст.

 Ҳавопаймои аввалин, рӯзи 6 августи соли равон парвоз хоҳад кард. Имсол 6 ҳазор зоири тоҷик сафари “Ҳаҷ” мекунанд.

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки маблағи сафари “Ҳаҷ” барои имсол 33 ҳазору 410 сомонӣ (3 643 доллари амрикоӣ, мувофиқи қурби нишондодаи БМТ) муқарар карда шудааст.

 Дар соли 2015 маблағи сафари “Ҳаҷ” барои шаҳрвандони тоҷик 22 ҳазору 906 сомонӣ, дар соли 2016-28 ҳазору 649 сомонӣ, ва дар соли 2017-32 ҳазору 671 сомонӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *