Нархи атестат аз 8 сомонию 63 дирам зиёд нест!
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маблағи ҳуҷҷатҳои хатмро дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ муайян кард.
Бино ба иттилои вазорат, соли равон атестати хатм 8 сомонию 63 дирам муқаррар шудааст.
Гуфта мешавад, дар ҳолати аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимӣ зиёд талаб намудани маблағ, шаҳрвандон метавонанд ба телефони боварии Вазорати маориф ва илм — 227-76-86 занг зада, шикоят намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ