Нархи барқ дар Тоҷикистон боз боло рафт (аудио)
Акнун аҳолии Тоҷикистон барои истифодаи як киловатт нирӯи барқ 26,51 дирам месупоранд.
Шурӯъ аз 1 октябри соли 2022 нархи нирӯи барқ дар Тоҷикистон 15% боло бурда мешавад. Дар ин бора қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи тарифҳои нирӯи барқ ва гармӣ рӯзи 31 августи соли 2022 ба имзо расидааст. Ин қарор рӯзи 13 сентябр дар сомонаи “Ҷумҳурият” — нашрияи расмии Ҳукумати кишвар нашр шудааст.
Тибқи қарори Ҳукумат, нархи як киловатт нирӯи барқ барои аҳолӣ қариб 4 дирам боло рафта, 26,51 дирамро ташкил хоҳад дод. То ҳол нархи як киловатт барқ барои аҳолии Тоҷикистон 22,66 дирам буд.
Бори охир нархи барқро дар Тоҷикистон соли 2019 боло рафтааст. Аз соли 2010 ба ин тараф, яъне дар 12 соли охир нархи нирӯи барқ дар Тоҷикистон се маротиба боло рафтааст. Соли 2010 аҳолӣ барои як киловатт нирӯи барқ ҳамагӣ 9 дирам пардохт мекард.
Ҳамин тариқ, бо қарори Ҳукумат аз 1 октябри соли 2022 тарифи нирӯи барқ барои муассисаҳои таълимӣ 45,51 дирам, барои муассисаҳои буҷавию варзишӣ ва коммуналӣ ва ҳамчунин барои нақлиёти барқӣ 26, 51 дирам ва барои истифодабарандагони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ, яъне барои муассисаҳои тиҷоративу истеҳсолӣ 60,65 дирам барои ҳар киловатт муқаррар карда шудааст.
Дар қарори Ҳукумат эзоҳ дода шудааст, ки:
1. Тарифҳо ба истиснои аҳолӣ ва насосҳои қубурҳои об ва истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва канализатсия бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда муқаррар карда шудаанд.
2. Муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, хонаҳои бачагона, хона-парваришгоҳ, хонаҳои пиронсолон, муассисаҳои соҳаи фарҳангӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва дигар муассисаҳое, ки фаъолияти тиҷоратӣ надоранд, вале аз ҳисоби фондҳои башардӯстона ва ё буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо тарифи барои муассисаҳои соҳаи буҷетӣ муқарраргардида ҳисоб карда шаванд.
3. Дар сурати аз 10000 кВт соат зиёд будани ҳисоби неруи барқи масрафшудаи моҳонаи аҳолӣ, фарқияти аз меъёри мазкур зиёдатӣ истифодашуда бо тарифи барои гурӯҳи 1 муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ