Нархи барқ 15% боло мераваду камбағал зарар намебинад?

Ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 13-уми сентябр тасдиқ кардааст, ки нархи барқро  аз 1-уми октябр 2,2 дирам боло хоҳад бурд.
Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” тағйироти мазкур дар асоси қарори аз 29 августи соли 2017 № 412 амалӣ мешавад: “Аз рӯзи 1 октябри соли 2017 дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт нерӯи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд мегардад. Баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист; пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт.соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт.соат барои аҳоли ҳамагӣ 2,2 дирам боло рафт».«Барқи тоҷик” таъкид намудааст, ки тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ҷуброн мегардад: “Алҳол аз муштариёни гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу китоб ҳаққи барқи то 1 октябри соли 2017 истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд”.

Қаблан Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” изҳор дошта буд, ки ширкаташон барои нигоҳдории иншооти энергетикӣ ва беҳбуди вазъи молию техникӣ ниёз ба болобарии нархи барқ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *