Нархи барқ боз боло рафт

Нархи истифодаи нирӯи барқ дар Тоҷикистон боло рафта, ба тақрибан 20 дирам баробар шуд. Дар ин бора рӯзи 25-уми сентябр қарори ҳукумати Тоҷикистон содир гардидааст.

Бар асоси қарор, ки рӯзи 2-юми октябр Радиои Озодӣ дастрас кард, аҳолии кишвар аз якуми ноябр барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 19,37 дирам пардохт хоҳанд кард. То ин вақт ҳар киловат нерӯи барқ барои аҳолӣ 16,85 дирам арзиш дошт.

Дар як соли охир бори дувум аст, ки нархи нерӯи барқ боло меравад. Соли гузашта дар остонаи болоравии нархи барқ мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки афзоиши тадриҷии нарх ҳарфи нав нест ва дар чаҳорчӯби барномаи куллии системаи энергетикии кишвар сурат мегирад.

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” далели боло бурдани қимати нерӯи барқро “ба хароҷоти нигаҳдории системаи энергетикии кишвар” марбут дониста буд, ки ба гуфтаи ӯ ба пули бештар ниёз дорад.

Аз ин қабл, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар як барнома, ки барои се соли оянда таҳия шудааст, гуфт, нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ дар се соли оянда тақрибан 2-дирамӣ боло рафта, дар соли 2020 ба беш аз 20 дирам хоҳад расид. Боло бурдани нархи нерӯи барқ яке аз тавсияҳои ҳамешагии созмонҳои байналмиллалӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ аст.

Бознашр аз Озодӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *