Нархи барқ боз қимат мешавад
То соли 2020-ум нархи 1 кВт/с неруи барқ барои аҳолии Тоҷикистон то 20 дирам боло бурда мешавад. Ин нархнома дар Барномаи таҳиянамудаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз 1 –уми октябри соли ҷорӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи барқ барои аҳолии Тоҷикистон 15 % қимат гардид, аммо ин болоравӣ нисбати ширкати алюминии тоҷик -“ТАЛКО” татбиқ нашуда буд. Аммо чаро ин Ширкат аз имтиёз бархӯрдор аст? Аз масъулини соҳаи энергетикаи мамлакат ҷавоби инро интизорем.
Тавре маълум, Ширкати “ТАЛКО” қисми бештари барқи истеҳсолиро нисбат ба аҳолӣ бо нархи арзонтар мегирад. Ҳарчанд аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор аст, вале то ҳол ҳамчун калонтарин корхонаи қарздор аз барқ боқӣ мондааст. Тибқи иттилои масъулини ШСХК “Барқи тоҷик” ҳоло 1 киловатт нерӯи барқро дар фасли тобистон бо нархи 7,2 дирам ва дар фасли зимистон 11,8 дирам мехарад. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ШСХК “Барқи тоҷик” арзиши аслии миёнаи ҳар киловат неруи барқ тайи нимсолаи гузашта ҳудуди 12,9 дирамро ташкил дод ва барқ ба калонтарин корхонаи истеъмолкунандаи барқ арзонтар аз арзиши аслии он фурӯхта мешавад.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон иттилоъ дода буд, ки “ТАЛКО” аз барқ 437,3 миллион сомонӣ қарздор аст. Ширкат аз ин маблағ чӣ қадарашро пардохт кард, норӯшан аст. Шояд ин рақам боз афзуда бошад?
Болоравии навбатии нархи барқро аҳолии Тоҷикистон хуш қабул накарданд, зеро аксарият бори зиндагиро базӯр пеш мебаранд. Бо маоше, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳаст, имкони пардохти ҳамаи хизмарасониҳо нест. Нархи маҳсулоти ғизоӣ низ давоми соли ҷорӣ дар бозорҳои мамлакат бамаротиб боло рафт.
Ба андешаи Назокат Саидова, сокини шаҳри Душанбе барои боло бурдани нархи ҳама гуна хизмарасониҳо аввал бояд сатҳи зиндагии мардум ба инобат гирифта шавад. –Дар Тоҷикистон, дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя маош баланд нест. Инчунин, дар ин кишварҳо манбаъҳои табиӣ арзонанд ё барои истифодаи аҳолӣ ройгон пешбинӣ гардидааст. Масалан, дар Туркманистон барои истифодаи газ маблағ ситонида намешавад. Дар Тоҷикистон бошад, аз об сар карда, то барқу дигар хизматрасониҳо пулакист. Борҳо мешунавем, ки қимат кардани арзиши хизматрасониҳои маишӣ ба хотири таъмиру таҷдиди истгоҳҳои обкашиву барқӣ сурат мегирад. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи ин хизматрасониҳо ба таври лозимӣ нест, — бо нигаронӣ изҳор дошт ҳамсуҳбат.
Масъулини ШСХК “Барқи тоҷик” баландшавии нархро барои аҳолӣ сатҳӣ медонанд. Пештар ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт.соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт соат барои аҳолӣ ҳамагӣ 2,2 дирам боло рафт.
«Барқи Тоҷик” таъкид намуд, ки тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон ҷуброн мегардад. Ин ширкат аз муштариён чунин хоҳиш кардаааст: “… ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу китоб ҳаққи барқи то 1 октябри соли 2017 истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд».
Бархе ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар неругоҳҳои Тоҷикистон, ки манбаи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад. Пас, чаро чунин шароити буҳронӣ, ки сатҳи зиндагии мардум бо ду пой мелангад, барқ қимат шавад? Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз маоши кормандони соҳаи буҷетӣ вобаста ба категорияҳо ба андозаи 15-20 фоиз боло рафт. Шояд баъди боло бурдани нархи хизматрасониҳо барои аҳолӣ, имсол низ маош баланд шавад?
Усмон Раҳимзода,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ