Нархи барқ имсол танҳо 7% баланд мешавад

Нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ имсол 7 дарсад, дар ду соли оянда 8-дарсадӣ ва дар соли 2020 ҳудуди 10 дарсад боло хоҳад рафт.

Бино ба барномаи пешбиникардаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасвиб шудааст, нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ дар се соли оянда тақрибан 2-дирамӣ боло рафта, дар соли 2020 ба беш аз 20 дирам хоҳад расид. Соли гузашта арзиши нерӯи барқ дар кишвар 16 дарсад афзуда, феълан 1 киловат нерӯи барқ ба аҳолӣ 14,65 қимат дорад.Дар ҳуҷҷате, ки рӯзи 13-уми август дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, нархи нерӯи барқ барои корхонаву иношоот низ боло меравад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, нархи барқ барои корхонаву муассисаҳо соли 2018 ба қадри 9,9 дарсад, соли 2019 8,4 дарсад ва дар соли 2020 ба якборагӣ 15 дарсад боло хоҳад рафт.Ҳоло арзиши 1 киловат нерӯи барқ дар фасли тобистон барои ширкати алюминиюми Тоҷикистон ё ТАЛКО 7,2 дирам ва дар фасли зимистон 11,8 дирамро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик” арзиши аслии 1 киловат нерӯи барқ дар нерӯгоҳи барқи обӣ 2 дирам ва дар Марказҳои ҳароратӣ 21 дирам аст.Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати энержӣ ва захираҳои об ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур додааст, ки то охири сол шеваи пардохти нирӯи барқро барои аҳолӣ бо усули “биллингӣ” ва ё пешпардохт гузаронад. Манзур аз низоми биллингӣ насби чипҳо дар ҳисобкунакҳои барқӣ аст, ки ба сурати онлайн ҳаҷми истифодаи барқи хонаводаҳоро ба маркази ягона интиқол медиҳад ва бо тамом шудани пули суратҳисоб интиқоли барқ ба манзилҳо қатъ мешавад.Бинобар ин, сокинон нахуст дар суратҳисоби худ миқдори кофии маблағ гузошта, имкон доранд то тамом шудани он, аз нирӯи барқ истифода кунанд. То кунун дар Тоҷикистон шеваи биллингии пардохти барқ танҳо дар ноҳияи Сарбанд ва Рӯдакӣ мавриди санҷиш қарор дошт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *