Нархи бима (суғурта) боло мераваду мошинҳо серақама мешаванд

Бо оғози сол бархе хадамот ва иҷозатномаҳои давлатӣ барои соҳибони мошинҳои шахсӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст. Аз ҷумла, нархи бимаи ҳатмии мошин ва иҷозаи сиёҳ кардани оинаҳои мошин иваз шуд.

Арзиши бимаи ҳатмии мошинҳо сар аз 1-уми январи соли 2019 ба ҳисоби миёна аз 170 сомонии қаблӣ то ба 250 сомонӣ афзоиш ёфт.

Нархи иҷозатномаи яксолаи сиёҳ кардани оинаҳои мошинҳои шахсӣ низ аз 3100 сомонии қаблӣ то ба 3420 сомонӣ боло бурда шуд.

Дар Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон рӯзи 2-уми январ ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда гуфтанд, ки бо назардошти таваррум нархи хизматрасониҳо ҳар сол афзоиш меёбад.

Мақомот мегӯянд, ки пардохтҳо аз ҳисоби иҷозатномаи сиёҳ кардани оинаҳои мошинҳо дар Тоҷикистон ба будҷаи ҷумҳурӣ ворид мешавад. Аммо ба бимаи ҳатмии мошинҳо дар Тоҷикистон ду ширкат – “Тоҷиксуғурта” ва “Суғуртаи аввалини миллӣ” иҷозат доранд. Ташкилоти аввалӣ давлатӣ буда, дуввумӣ – марбут ба ширкати хусусии “Фароз” аст.

Ширкати “Суғуртаи аввалини миллӣ» айни замон, дар марказҳои ташхиси техникии мошинҳо, ки низ аксар ба «Фароз» тааллуқ доранд, 100 нуқтаи фурӯши бимаро дар ихтиёр дорад. Бимаи ҳатмии мошинҳо, ки як бозори сердаромад ба шумор меравад, танҳо зери дасти ҳамин ду ширкат қарор дорад.

Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон, ҳар соҳиби мошин дар кишвар вазифадор аст, ки бима дошта бошад, дар ғайри сурат нозирони БДА ҳақ доранд ронандаро барои надоштани бима ҷарима кунанд. Бо вуҷуди ин ки ширкати “Суғурати аввалини миллӣ” танҳо аз соли 2015 фаъолияташро шурӯъ кардааст, назар ба ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта», ки солҳо аз ронандагон суғуртапулӣ гирифта, ба онҳо ҷуброни пулӣ намедод, рақобатро бо ширкати «Суғурати аввалин миллӣ» мебозад.

 

Бинобар гузориши аудиторӣ, ки дар сомонаи расмии «Суғурати аввалин миллӣ» нашр шудааст, ин ширкат дар соли 2017 беш аз 952 ҳазор мошинро бо маблағи 65 миллион сомонӣ бима кардааст.

То замони нашри ин матлаб, шарҳи ширкати “Суғуртаи аввалини миллӣ” ва “Тоҷиксуғурта” дар мавриди сабабҳои гаронтар шудани арзиши бимаи мошин дастрас нашуд.

Мошинҳо серақама мешавад?

Гарон шудани арзиши бимаи ҳатмӣ ва иҷозати мошинҳои сиёҳ танҳо тағйироте нест, ки ронадагони тоҷикро дар соли 2019 интизор аст. Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон айни замон, масъалаи тағйир додани рақамҳои қайди давлатии автомобилҳоро баррасӣ мекунад.

Ба ин манзур як комиссияе таъсис ёфтааст, ки зарурати аз рақамҳои чорадада ба сеадада табдил додани рақамҳои қайди давлатии автомобилиро баррасӣ мекунад. Мақомот зарурати ин тағйиротро дар “ҳамоҳанг кардани ин муқаррарот бо таҷрибаи байналмиллалӣ” медонанд.

Ду нафар аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон рӯзи 2 январ гуфтанд, ки дар мавриди гузариш ба рақамҳои қайди давлатии сеадада қарор қабул мешавад, вале ҳанӯз мӯҳлати қабули чунин қарор маълум нест.

 

Як масъули Бозрасии давлатии автомобилӣ, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт:

Пеш аз ҷорӣ шудани рақамҳои қайди давлатии сеадада мо таввассути радиову телевизионҳои давлатӣ эълон хоҳем кард”.

Ҳанӯз маълум нест, ки бо қабули ин қарор рақамҳои давлатии амалкунанда бекор мешаванд ва ё хайр. Тағйири рақами мошин харҷи худро дорад ва феълан 210 сомонӣ мебошад.

Шаҳбоз Мӯъминов, як сокини деҳаи Миршикорони канораи шаҳри Душанбе ва ронандаи “Опел” мегӯяд, гарон шудани нархи суғурта ба ҷайби ӯ ва садҳо ронандаи дигар зарба мезанад. Ӯ мегӯяд, ба ҳайси муҳосиб ҳамзамон дар ду ширкат кор мекунад, вале нисфе аз даромадаш харҷи мошин мешавад.

“Мошин бисёр дастёри хубам аст, чун нақлиёти ҷамъиятӣ то макони зисти ман ба таври мунтазам ҳаракат намекунад. Аммо сол ба сол нархи нигоҳдории мошин ҳам гарон мешавад, қариб баробари харҷи як хонавода аст. Бе ин ҳам нархи ҳуҷҷатҳои ташхиси техникиву андозу дигар ҳуҷҷатҳо аз ҳазор сомонӣ бештар аст. Боз суғурта гарон шавад, маҷбур мешавам мошинро як сӯ гузорам”, мегӯяд ӯ.

 

Бинобар омори расмӣ, ки Вазорати нақлиёт пешниҳод кардааст, шумораи умумии мошинҳо дар Тоҷикистон июли соли 2017 ба 436 ҳазору 444 адад баробар буд. Ин ба он маъност, ки ба ҳисоби миёна ҳар оилаи чорум дар Тоҷикистон соҳиби мошин аст ва гароншавии нархи суғурта ба будҷаи ин хонаводаҳо таъсири мустақим хоҳад дошт.

Ҳамон соли 2017 Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз ронандагон хоста буд, ки шаҳодатнома ва рақамҳои қайди давлатии мошини худро нав кунанд. Моҳи ноябри он сол БДА ба ронандагон як ҳафта муҳлат дода хоста буд, то шаҳодатномаи ронандагие, ки аз истифодааш 10 сол гузаштааст, иваз кунанд.

Тоҷикистон соли 2014 додани парвонаҳои ронандагии биометриро шуруъ кард ва он вақт мақомот гуфта буданд, ки асноди кӯҳна то анҷоми муҳлати адои он мавриди истифода хоҳад буд. Арзиши шаҳодатномаи ронадагии шакли нав 248 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Мақомот мегӯянд, роҳандозии шаҳодатномаи биометрӣ бар асоси талаботи Эъломияи соли 1968-и Вена “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” аст, ки Тоҷикистон низ узви он мебошад. Ҳадафи он фароҳам овардани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ дар кишварҳои шомили ин Конвенсия будааст.

Абдулло Ашуров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *