Нархи бозор пеш аз маош медавад

Бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми июли соли 2024 маошу нафақа 40% боло меравад. Ин аз як тараф сокинонро хурсанд карда бошад, аз ҷониби дигар боиси нигарониашон шудааст, зеро қабл аз ба даст гирифтани маошу нафақа нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар дар ҳоли болоравист. 

Ҳафтаи равон, пас аз шикояти сокинон, мо ба бозорҳои пойтахт сар задем ва нархи маҳсулоти ниёзи аввалро пурсон шудем.

Нархи як кило шакар, ки то 10-15 рӯз пеш 10-11 сомонӣ буд, ҳоло дар бозору дӯконҳои пойтахт ба 13-14 сомонӣ расидааст.

Нархи як литр равғани офтобпараст бошад, аз 18 сомонии қаблӣ то 26-27 сомонӣ боло рафтааст. Фурӯшандагон мегӯянд, ки нархи равған дар Иди Қурбон зиёд шуду баъди ид дигар поён нафаромад.

Ҳамчунин дар бозорҳо равғани арзонтари пахта, ки тавлидоти дохилӣ аст, низ ба фурӯш гузошта шудааст. Вале сокинон бештар ба равғани офтобпараст бартарӣ медиҳанд, ки нархи он на ба ҳама дастрас аст.

Тибқи пешбинии коршиносон, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, мизони истеъмоли 16,6 литр барои як нафар, эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба равғани растанӣ аз 160,8 ҳазор дар соли 2023 то 171 ҳазор тонна дар соли 2025 афзоиш хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар бозорҳо як дона тухми мурғро бо нархи 1-1,10 ва ҳатто 1,20 сомонӣ ҳам вохӯрдан мумкин аст.

Нархи як халтаи 50 кг орд дар бозори “Меҳргон” ҳоло аз 280 то 380 сомонӣ, нархи собуни либосшӯӣ аз 7 то 11 сомонӣ, нархи як килограмм макарон 11-14, нархи як килограмм биринҷ 23-30 сомонӣ, нархи гӯшти гов 65-70 ва гӯшти гӯсфанд 90-98 сомонӣ аст.

Чизи дигаре, ки харидорон зиёд шикоят мекарданд, ин болоравии яку якбораи нархи шири хушк барои кӯдакон аст. Як моҳ пеш нархи “Малютка” 54-55 сомонӣ буд, ҳоло ба 65-67 дакка мехӯрад.

Агар мо истеъмоли як оилаи миёнаҳолро дар як моҳ ҳисоб намоем, чунин мешавад: 285 сомонӣ як лингча орд, 98 сомонӣ панҷ литр равған, 33 сомонӣ як коробка тухм, 5 собуни ҷомашӯӣ 35 сомонӣ, 5 кило гӯшти гов 320 сомонӣ, нархи 5 килограмм шакар 65 сомонӣ, панҷ килограмм макарон 55 ва панҷ килограмм биринҷ 120 сомонӣ аст. Дар маҷмуъ 946 сомонӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳоло маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 800 сомонӣ аст ва то кунун ҳаҷми он 600 сомонӣ буд.

Шумо чӣ фикр доред? Оё то зиёдшавии навбатии ҳаҷми маош нархҳо дар бозор онро интизор мешаванд?

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *