Нархи чипта ба Ӯзбекистон арзон шуд

Намояндагии ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон эълон кард, ки барои ҷалби бештари мусофирон дар хатсайри Душанбе – Тошкнад арзиши билетро то 200 сомонӣ, муодили бист доллар, поин овардааст. Парвоз дар масири Душанбе – Тошканд ва баръакс моҳи апрели имсол имконпазир шуд ва дар аввал арзиши роҳкиро 1234 сомонӣ буд.

Сокинону мақомот он вақт гуфта буданд, ки нархи парвоз дар ин масир хеле болост ва эҳтимол ба ҷуз аз соҳибкорону афроди доро дигарон имкони парвоз дар ин масирро пайдо накунанд. Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов низ гуфт, “бояд аз ин имкон мардуми оддӣ истифода кунанд. Соҳибкорон тавассути моҳ низ метавонанд, ба ҳар ҷое, ки хостанд, бираванд”.

«Ҳоло нархи билетро 1034 сомонӣ кардем, то равоуи сокинон бештар шавад. Барои парвози дуҷониба аз мусофирон 1917 сомонӣ талаб мешавад», — гуфтанд дар намояндагии ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *