Нархи чиптаи қатораи Тоҷикистон — Русия маълум шуд

Ду сол аст, ки пас аз пандемияи коронавирус қатораҳои Тоҷикистон ба самти Русия ҳаракат намекунанд. Чиптаҳои ҳавопаймо гарон, на ҳама имкони харидан доранд. Масъулини идораи дахлдори Тоҷикистон ваъда дода буданд, ки охири моҳи июл вагонҳои Роҳи оҳан ба ҳаракат медароянд, аммо нашуд. Мо то ҳол интизорем. Кай роҳи қатораҳо боз мешавад? Оё нархи чиптаҳо ҳам маълум шудааст?

ЗОКИР, муҳоҷир 

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши билети хатсайри Кӯлоб — Волгоград, ки 3362 километр роҳ дорад, вобаста ба шароити ҷойи хобу нишаст, аз 1581 сомонӣ то 2030 сомонӣ муқаррар шудааст. Барои сафар тариқи хатсайри Душанбе — Волгоград, ки 3111 километр роҳ дорад, бо нархи аз 1434 то 1856 сомонӣ билет фурӯхта мешавад.

“Дар дигар хатсайрҳо ҳам дар мувофиқа бо кишварҳое, ки қатора сарҳадашонро убур мекунад, нархи билет муайян карда мешавад”,- итттилоъ доданд аз вазорат.

Ҳамзамон, Роҳи оҳани Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи кишварҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Русия вориди музокирот шудааст, то дар масъалаи тахфифҳо ба як хулоса расад.

Интизор меравад, ки нахустин қатораҳо, пас аз маҳдудияти дусола, рӯзи 16-уми августи соли равон дар хатсайри «Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб», 27-уми август дар хатсайри «Душанбе-Волгоград-Душанбе» ва 7-уми сентябр дар хатсайри «Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд» ба роҳ мебароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *