Газу бензин

Нархи газ дар Тоҷикистон рӯ ба пастравӣ дорад

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон майли поёнравӣ дорад. Қаблан арзиши як литр гази моеъ 8  сомонӣ ва бештар аз ин буд. Ҳоло ба 3 сомонию 80 дирам 4 сомонӣ расидааст.

Ронандагону сокинон аз чунин  нархи гази моеъ хушҳоланд. Аммо чунин коҳиши нархи газ ба арзиши хизматрасонии нақлиёт ва нархи маҳсулот дар бозорҳо таъсир нарасонидааст.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе изҳор медоранд, ки  сабаби арзон шудани гази моеъ ба поинравии нархи он дар бозори берунӣ ва афзоиши воридот ба Тоҷикистон аст. 

Ҳоло ронандагоне, ки нақлиёташон бо гази моеъ мегардад, аз арзон шудани нархи газ хушҳолӣ доранд. Зеро аз ҳисоби коҳиши нархи газ хароҷот ҳам кам шудааст.  Дар пайи як баробар коҳиши нархи газ арзиши роҳкирои мусофирбарҳо чӣ дар дохили пойтахт ва чӣ ба тарафи минтақаҳо ба мисли пешина мондааст. Айни замон бештар аз 70 фоизи мошинҳои сабукрав барои камхарҷ будан, бо гази моеъ мегарданд.

То ҳол мақомоти  расмӣ, аз ҷумла масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки сиёсати танзиму назорати нархи маҳсулот ва дигар хизматрасониро дорад, сабаби коҳиши нархи гази моеъро шарҳ надоданд.

Таври маълум, Тоҷикистон маводи сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Дар миёни ширкатҳое, ки дар ин самт фаъолият доранд, ширкатҳои «Газпром», «Сеганҷ», «Газойл», «Суғднефт», «Роҳи Сомон» мавқеи калидӣ доранд. Тоҷикистон 90 дарсад гази моеъи мавриди ниёзи худро аз тариқи роҳи оҳан аз Қазоқистон ворид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *