Нархи гӯгирд 14 баробар қимматар шудааст
Дар Туркманистон буҳрони маводи ғизоӣ идома дошта, нархи маҳсулот то рафт боло меравад. Аз аввали соли сол то ба ҳол, баъзе аз маҳсулоти ниёзи аввалия чанд баробар гарон шудаанд.
Ба иттилои хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир, дар фурӯшгоҳҳои давлатии вилояти Дашоғузи Туркманистон шакару ордро тақрибан наметавон пайдо кард. Нархи бозорҳо низ аз нархи муқарраркардаи давлат чанд баробар бештар аст.
19 июн дар фурӯшгоҳҳои Дашоғуз нархи миёнаи як кило шакар 18-20 манат (ҳудуди 5-6 доллар бо қурби расмӣ), биринҷ 13 манат, гӯшт 30 манат буд. Нархи мева, сабзавот ва молҳои истеҳсоли хориҷӣ низ боло рафтааст.
Бино ба қурби Бонки миллии Туркманистон, як доллари амрикоӣ баробар ба 3,5 манат аст. Вале дар “бозори сиёҳ” ахиран як доллар ба 29 манат расид. Табодули асъори хориҷӣ дар Туркманистон расман манъ шудааст.
Дар Туркманистон аз миёни молҳои саноатӣ аз ҳама бештар нархи гӯгирд, аз аввали сол то ҳол 14 баробар боло рафтааст. Ҳоло як қутти гӯгирд, ки пеш 0,5 манат буд, 7 манат аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ