Нархи харбуза дар Тоҷикистон то 70 сомонӣ?!
Дар арафаи Иди Қурбон мардумфиребон ба хотири ба даст овардани пулҳои бедардимиён барои ҷиғилдон пур кардан қимати харбузаро аз 50 то 70 сомонӣ боло бардоштанд, ки на ба мусулмонӣ рост меомаду на шароити имрӯз.
Нуҳуми август барои дастрас кардани тарбузу харбуза ба майдончаи мағозаи фиребгари мардум Раҷаб Назиров, ки дар шоҳроҳи деҳаи Мискинободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод омадам, дар даҳҳо мошини КАМАЗ ва Караван тарбузу харбузаро дидам, ки харидорон барои оростани дастурхони идона, тарбузу харбузаро ба гаронии нарх нигоҳ накарда харидорӣ мекарданд. Аз харидорон қафо намонам, аз харбузафурӯш пурсон шудам, ки нархи харбузаатон чанд сомонӣ, иброз намуд, ки аз 50 то 70 сомонӣ. «Чаро нархаш гарон?», — пурсидам аз деҳқон. «Бо нархи қимат мехарем барои хароҷотамонро пӯшондан маҷбурем нархи тарбузу харбузаро баланд бардорем». «Аз гӯру қиёмат барои гаронфурӯшӣ наметарсед»,- гуфтам. Онҳо муҳри хомӯширо дар даҳон нигоҳ доштанд.
Ҳатто гаронфурӯшон барои ба даст даровардани даромади муфт хонандагони мактабро сафарбар мекунанд.Ҳангоми аксбардорӣ, харабузафурӯш писханд зада ба рақс даромад, яъне бо маънои томаш, ӯ криша дораду писанд намекунад. Магар ин ҳолати гаронфурӯшии онҳоро танобкашон намедида бошанд? Дар ростои мағозаи Раҷаб Назиров, ки дар бозори «Истиқлол» ҷойгир аст, чаро гаронфурӯшон маҳсулоташонро вориди бозор намекунанд? Ҳамчунин, дар гӯшаи деҳқони ғайриқонунии дар шоҳроҳи байни деҳаҳои Мискинободу Заркамар ҷойгир буда, нархи картошка, ки то арафаи иди Қурбон аз 2 сомонӣ боло набуд, то 3-4 сомонӣ, пиёз 3 сомонӣ, сабзӣ то 4 сомонӣ помидор то 10 сомонӣ боло бардоштанд, ки дар ягон давлатҳои мусулмонӣ нархи маводи озуқаро баланд намебардоранд.
Дар арафаи идҳо бошад, нархро паст мефароранду дар бозорҳои Файзобод ба ҷое, ки савоби мардумро гиранд, нархи сабзавотро панҷ-шаш маротиба баланд мебардоранд. Ин ҳолати гаронфурӯшӣ дар маркази ноҳия мушоҳида мешавад. Барои ба танзим даровардани маҳсулоти сабзавот дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шуъбаи савдо ва иқтисод мавҷуд аст, аммо масъулини он дар иҷрои вазифаашон бепарвоянд…
Ҳокими Сафар, ноҳияи Файзобод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ