Нархи хизмати ситораҳои тоҷик дар тӯй (Видео)

Дар як канали Ютуб рейтинги овозхонҳои тоҷикро бар асоси нархномаи онҳо дар тӯю сӯри мардум тартиб додаанд:

Қадами Қурбон – то 3 ҳазор сомонӣ

Фарзонаи Хуршед – 2-3 ҳазор доллар

Мино 500-1500 доллар

Ҷонибек Муродов – 3-5 ҳазор доллар

Фирӯза Ҳафизова – аз 1000 то 2 ҳазор доллар

Зулайхо Мамадшоева – 1800-2500 доллар

Шабнами Сурайё – аз 3 то 7 ҳазор доллар.

Ровии барнома дар канали Toj Dor мегӯяд, ҳар ҷавоне ки оиладор мешавад, орзу дорад, ки дар тӯяш беҳтарин овозхони замон хидмат ва ҳунарнамоӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, нархи овозхонҳо вобаста ба макони тӯй, ки дар шаҳр аст ё деҳа фарқ мекунад. Дар шаҳр овозхон имкон дорад, ки дар як рӯз чанд маъракаро гузаронад, вале дар деҳа имкони ҳунарнамоӣ танҳо дар як тӯйро дорад ва ба ин далел, барои рафтан ба деҳа овозхонҳо маблағи бештар талаб мекунанд.

Нархи хидмати Қадами Қурбон, яке аз машҳуртарин овозхонҳои тӯйгарди Тоҷикистон 3000 сомонӣ (бо пистолет) ва 2000 сомонӣ бидуни пистолет будааст. Қадами Қурбон дӯст медорад, ҳангоми ҳунарнамоӣ дар маъракаҳо аз туфангчааш ягон тир холӣ кунад. Албатта, тири ҷангӣ не, балки «холостой.”

Фарзонаи Хуршед, ба гуфтаи ровии Toj Dor, барои хидмат дар як тӯй аз 2 ҳазор то 3 ҳазор доллар мегирад, ки боз ҳам ба гуфтаи ровӣ, на ҳар кас тавонашро дорад.

Мино, ки бо таронаи «Бачаи дарвозӣ” шӯҳрат ёфт, барои як тӯй аз 500 то 1500 доллар мегирифтааст.

Ҷонибек Муродов, фарзанди овозхони шинохта Ҷӯрабек Муродов, вақтҳои охир дар Украина кору зиндагӣ мекунад, вале ҳар сари чанд вақт ба Ватан баргашта, дар консертҳо ва ҳамчунин дар тӯю сӯри мардум хидмат мекунад. Нархи як тӯйгузаронии Ҷонибек Муродов, ба гуфтаи ровии барномаи Toj Dor, аз 3 ҳазор то 5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Зулайхо Мамадшоева, ки бо тахаллуси Зу-Зу машҳур аст, яке аз қавитарин хонандагони таронаҳои тӯёна шинохта шудааст. Ровӣ мегӯяд, Зулайхо метавонад тӯйро бо як ҷазбу бо як дабдаба гузаронад. Нархи Зу-Зу барои як тӯй аз 1800 доллар оғоз ёфта, то 2500 доллар будааст.

Фирӯза Ҳафизаро ровии барнома пургуноҳтарин ва пурмоҷаротарин сарояндаи тоҷик дар Интернет ном бурда мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳама сарусадоҳо дар тӯю сӯри мардум аз таҳти дил хидмат мекунад ва нархи хидматашро аз рӯи инсоф вобаста ба имконоти тӯйдор мегузорад. Аз 1500 то 2000 доллар – чунин будааст нархи Фирӯза Ҳафизова барои гузарондани як тӯй, вале барои онҳое ки шароиташон намерасад, ӯ нархашро аз 1000 доллар низ пойин меовардааст.

Фирӯза Ҳафизова ҳунарнамоияш дар тӯйҳоро ҳамеша дар саҳифааш дар Инстаграм мегузорад ва ҳатто видеое ҳам дорад, ки бастаҳои зиёди пули дасташро ҳисоб карда, аз мардум мепурсад: «Ҳой мардум, дар Конор хобаш кунам ё дар Ҳабиб? Ку бигӯед?”

Ва аммо Шабнами Сурайё, ки ровӣ ӯро яке аз беҳтарин ва дӯстдоштатарин аз овозхонҳои тоҷик номаш мебарад ва мегӯяд, «на ҳар нафар метавонад Шабнами Сурайёро ба тӯяш даъват кунад, зеро нархи даъвати Шабнами Сурайё аз 3 ҳазор то 7 ҳазор долларро ташкил медиҳад.”

 

Бознашр аз сомонаи Ахбор

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *