Нархи нақлиёти ҷамъятӣ қимат шуд. Пиёдаравӣ муд мешавад?

Сар аз 10 ноябри соли равон шаҳрвандон дигар наметавонанд бо қимати қаблӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд.

Қимати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе гарон шуд

Болоравии нархи роҳкиро дар пойтахт бар асоси хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории дар шаҳри Душанбе ва муроҷиати корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва ширкату ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ тибқи фармоиши Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» сурат гирифтааст, хабар медиҳад «Ховар» бо истинод ба шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, сар аз 10 ноябри соли равон шаҳрвандон дигар наметавонанд бо қимати қаблӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд.

Тибқи нархномаи нав, ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир ба таври ғайринақдӣ тавассути автобусҳо 1,80 дирам ва тариқи кортҳои яксафара 2,80 дирам, троллейбусҳо ба таври ғайринақдӣ 1,50 дирам ва тариқи кортҳои яксафара 2 сомонӣ муқаррар шудааст.

Барои микроавтобусҳо 2,50 дирам ва барои интиқоли як мусофир-километр тавассути воситаҳои нақлиёти кироякаш (таксӣ) 3,00 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» мақсади боло бурдани қимати роҳкироро пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва дар ин замина муътадил гардонидани вазъи молиявии корхонаҳо ва ширкатҳои нақлиётӣ арзёбӣ кардааст.

Ин корхона гуфтааст, сар аз соли 2011 давоми 10 сол роҳкирои хатсайрҳои автобусӣ ва микроавтобусӣ бетағйир монд. Танҳо дар хатсайрҳои троллейбусӣ давоми 10 сол як маротиба баландшавии ҳаққи роҳкиро аз 0,70 дирам то 1,00 сомонӣ амалӣ гардид.

Ёдовар мешавем, қаблан нархи роҳкиро дар автобусҳо барои як мусофир 1,20 дирам, троллейбус 0,70 дирам ва микроавтобус 1,60 дирам муқаррар гардида буд.

Корхона ҳамзамон бо шарҳи болобарии нархи қимати роҳкиро гуфтааст, гароншавии сӯзишворӣ, барқ, андоз ва зиёдсозии маоши кормандон, ки дар пайи он корхона ва ширкатҳои мусофирбарии нақлиётӣ хароҷоти худро рӯйпӯш карда наметавонанд ва боиси қарздории онҳо гардида истодааст.

Ҳарчанд корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ҷиҳати муътадил гардонидани вазъи молиявиашон мунтазам тайи солҳои охир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи имконияти ҷойдошта маблағгузорӣ карда мешаванд, вале басанда набуда, зарурати тағйир додани нархномаи роҳкиро ба миён омадааст, гуфтаст Корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *