Нархи об дар Хуҷанд боло меравад

          Раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи 8 декабр қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он аз 1 январи соли 2017 нархи истифодаи об ва хизматрасонии партовобҳо дар ин шаҳр зиёд мешавад. Гуфта мешавад, ки дар асоси ин қарор нархи 1 м3 об то 19-20 фоиз зиёд мегардад. Имрӯз 1 м3 об дар шаҳри Хуҷанд 85 дирам буда сар аз оғози соли нав он ба 1 сомонӣ баробар мегардад.

       Ин нархнома барои ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон ба истиснои аҳолӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда муайян гардидааст. Қаблан дар моҳи ноябри соли ҷорӣ КВДК «Хуҷандобуканал» бо мактуби расмӣ ба мақомоти маҳаллии Хуҷанд муроҷиат карда буд, то қарори дахлдореро бобати нархномаи нави истифодаи обро ба имзо расонад.

      Ин ҳол аксарияти сокинони шаҳри Хуҷандро нигарон кардааст. Ба гуфтаи онҳо бар замми гарон шудани нархи барқ, болоравии арзиши об метавонад ба вазъи иқтисодии оилавӣ таъсири манфӣ расонад.

                                                                                                                                                         Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *