Нархи оби нӯшокӣ боз баландтар шуд
Мувофиқи маълумоти «Обу корезии Душанбе» дар асоси Фармони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 52 аз 29-06-2016 нархномаи нави хизматрасонии истифодабарии оби нӯшокӣ ва оби хироҷиро барои корхонаҳои ҳисоби хоҷагӣ (НБ) аз якуми октябри соли 2016 5 сомонию 38 дирам,барои аҳолӣ аз якуми октябри 2016 0,62 дирам ва барои ташкилотҳои буҷавӣ (БТ) аз якуми январи 2017 як сомонию 97 дирам барои 1 м муайян карда шудааст.
Тамоми нархҳои дар боло зикршуда бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ