Нархи орд боз гарон шуд
Рӯзи 13-уми май арзиши як халта орди 50-килограмӣ, ки қаблан 320-330 сомонӣ буд, дар баъзе дукону мағоза ва бозорҳои кишвар, аз ҷумла, Душанбе ва навоҳии атрофи он 365-370 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд.
Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон аст ва ин кишвар қаблан хабар дода буд, ки дар мавриди содироти орду ғалла маҳдудиятҳо ҷорӣ карданист.
Ин вазъ сокинони кишварро нигарон кардааст ва мепурсанд, ки чаро дар чанд рӯзи ахир нархи орд якбора ба таври назаррас боло рафт. Мақомот далели афзоиши нархи ордро ба маҳдудиятҳо дар содироти он аз сӯи Қазоқистон рабт медиҳанд. Шуморе аз тоҷирон низ сабаби гарониро коҳиши воридоти ин навъи маҳсулот аз хориҷи кишвар унвон карданд.
Рӯзи 13-уми май дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон афзоиши нархи ордро тасдиқ намуда ва гуфтанд, ки яке аз сабабҳои он, маҳдудиятҳои нав дар содироти он аз тарафи Қазоқистон аст.
«Нархи як тонна гандуми содиротии Қазоқистон то 365-385 доллар аз сӯи Қазоқистон боло рафт. 15 рӯз пеш 350 доллар буд, чунин маҳдудият муваққатист, вале набояд фаромуш кард, ки ба ин раванд нооромиҳо миёни Русияву Украина низ таъсир гузоштааст»,-шарҳ додааст яке аз мусоҳибони «Озодӣ» дар ин ниҳод.
Тибқи иттилои расмӣ, солона ба Тоҷикистон наздики як миллион тонна гандум ворид мешавад, ки беш аз 99 дарсади он ба Қазоқистон рост меояд.
Дар як соли охир нархи чандин маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ба таври назаррас боло рафт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ