Нархи патент дар Красноярск боло меравад

Вакилони Маҷлиси қонунгузори Красноярск дар бораи боло бурдани нархи патент барои муҳоҷирон дар ин минтақа қарор қабул карданд.

Чунин низоми кор дар Россия нисбати шаҳрвандони кишварҳое истифода мешавад, ки Россия бо онҳо доир ба равуои бераводид созишнома дорад. Дар ин бора сомонаи «Новости Сибири, Урала и Дальнего Востока» хабар додааст. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Красноярск хоҳиши кор кардан доранд, бояд пешпардохти сабтшуда – 1200 рубл маблағ пардохт намоянд. Ин маблағ ба коэффисиентҳои минтақавӣ ва федералӣ, ки дар соли 2018 андозаашон мутаносибан 1,6 ва 1,7 нишондиҳандаро ташкил дод, зарб мешавад. Ҳамин тариқ, ин маблағ то 3 601 рубл меафзояд.
Вакилони маҷлиси минтақа тасмим гирифтанд, ки соли 2019 нишондиҳандаи коэффисиентро то 1,82 зиёд кунанд. Ҳамин тавр, пардохти моҳона барои шаҳрвандони хориҷии машғули кор дар соли оянда 3 778,3 рублро ташкил хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *