Нархи тухм боло меравад, аммо масъулин ба замин менигаранд!
Дар Душанбе нархи тухм якбора гарон шуд. Касе интизор надошт, ки қиммати як қуттии тухм аз 45 сомонӣ ҳам мегузарад. Ҳол он ки, ҳамагӣ чанд рӯз пеш нархи як қуттӣ тухм аз 35 сомонӣ боло набуд. Тухмҳои хурдро, ки донааш 1 сомонӣ буд, имрӯзҳо дар фурӯшгоҳҳо бо нархи 1 сомонию 50 дирам мефурӯшанд. Нархи тухм боло меравад, аммо масъулин ба поён менигаранд.
Баҳонаи мансабдорон
Мегӯянд, ки нархи тухм ба нархи гӯшт баробар мешавад. Даҳонатонро шамол барад. Мардуми бечора гӯшт қиммат шуд гуфта, ба истеъмоли тухм гузаштанд. Боз баъди он ба чӣ гузаранд? Илтимос, монед, бечора мардум як рӯзи нек бинанд. Як сӯ бебарқӣ, як сӯ кампулӣ, як сӯ беназоратии нарху наво дар бозор…
Инсӯву онсӯро метавон идома дод. Аммо ку гӯши садошунав? Баҳонаи мансабдорони мо, ки масъули самти худ ҳастанд, тайёр аст: мавсимӣ, камобӣ, вобастаи беруна… Рӯйхати баҳонаҳоро ҳам метавон идома дод. Аммо чӣ фоида?
То он даме, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба ҷунбиш наоранд ва ҳушдор надиҳанд, парвое надоранд.
Таҷрибаи Лукашенко
Вазъи имрӯзаи нархи тухми мурғ бозгӯи ҳол аст. Як ниҳоде нест, ки сабабро шарҳ диҳад: мурғ кам шуд ё тухм содироту истеъмол зиёд? Ҳоло дар радифи тухм, нархи гӯшту пиёз низ майли гароншавӣ дорад. Дар пасманзари ин қиммативу беназоратӣ дар бозорҳои мо як мулоқоти президенти Белорус Александр Лукашенко бо блоки иқтисодӣ пеши назарам омад. Ӯ дар пешорӯи якбора гарон шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, беназоратӣ ва ба дасти ҳаннотону монополистон гузаштани бозор масъулини блоки иқтисодиро зери тозиёнаи танқид гирифт. Ӯ ба ин мазмун гуфт, ки агар пеши роҳи ин ҳамаро гирифта наметавонед, чаро курсиро банд мекунед? Толор хомӯшу мансабдорони калидии блоки иқтисодӣ сархам буданд. Баъд аз ҷаласа дар пӯстини ҳамааш кайк даромад ва бозор тохтанд, то нархро муътадилу танзим кунанд. Дар мо ҳам чунин шеваи корро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо кардаанд. То вақте ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ростои болоравии нархи маҳсулот ва ё дигар мушкилот ба изтироб наоянд, гӯё касеро парвое нест. Аҷиб…
Як тухму сад баҳона
Ҳоло нархи тухми мурғ ва дигар анвои ғизоӣ майли болоравӣ дорад. Гӯш ба қиморед, ки кай Пешвои миллат ба ин масъала дахолат кунанд? Ҳоло бархе фурӯшандаҳо сабабро дар содироти тухм ба Ӯзбекистон медонанд. Аммо бархеи дигар бар ин назаранд, ки болоравии нарх хусусияти мавсимӣ дорад. Ҳоло тибқи арзёбии Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ, дар 6 бозори кишвар нархи тухм дар муқоиса бо ҳафтаи пеш гарон шудааст. Аммо масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар ниҳодҳои марбута то кунун сабаби асосии болоравии тухми мурғро нагуфтаанд.
Тавре Pressa.tj хабар ёфтааст, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 170 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд аст. Аммо дар рӯйхат асосан корхонаҳои «Ганҷи Ҳилол»-и Файзобод, «Чӯҷаи заррин», «Парандапарварии Хуҷанд», «Парандапарварии Мастчоҳ» ва «Тарз»-и шаҳри Ваҳдат ҷило медиҳанд. Аммо корхонаҳои ба ном хурд ва инфиродие ҳастанд, ки дар пушт наҳангҳои бузург доранду бозорро бо тухм пур мекунанд. Аслан онҳо монополист ҳастанд, аммо ба сабаби тақсим шуданашон ба назар номаълуманд. Шумораи онҳо ба 170 корхона мерасад? Мардум ҳам сабаби болоравии нархи тухмро дар ҳамин каждумҳои зери бӯрёи тухммон медонанд. Онҳо тибқи қарори Ҳукумат аз имтиёзҳо бархӯрдоранд. Мутасаддиёнро лозим аст, ки ба пеши биниашон нею аз он дуртар назар андозанд.
Ба ин чӣ мегӯӣ, хонандаи азиз?
Усмон РАҲИМЗОДА
P.S. Пеш аз чопи ин мавод аз масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хоҳиш кардем, ки ваъзи бозор ва сабаби болоравии нархи тухмро ба хонандагони “Тоҷикистон” ва Pressa.tj шарҳ диҳанд. Аммо сухангӯи ин Вазорат талаби мактуби расмӣ намуд. Ҳол он ки нашри мақола дар рӯзнома худ нома ба сохторҳост.
Бо вуҷуди ин ба унвони вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода нома фиристодем, то ба чанд саволи марбут ба ин мавзуъ посух диҳад. То ҳол ҷавобе аз ин ниҳод наомадааст. Интизор мешавем.
Умедворем, ки меваи сабр ширин аст!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ