Нархи як линча орд аз 150 ба 180 сомонӣ расид
Аз як моҳ ба ин сӯ қимати як халта орди 50-килоии навъи олӣ дар бозорҳои Тоҷикистон беш аз 15 дарсад боло рафтааст. Як халта орде, ки моҳе пеш дар бозори Душанбе тахминан 135-150 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло то 160-180 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Сабаби боло рафтани нархи орд, ба қавли тоҷирони тоҷик, гарон шудани гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон мебошад. Нархи нави орд Муқаддас Ахмедова, як сокини Душанберо, ки аз нархи пешинаи он ҳам зиёд розӣ набуд, хеле нороҳат кардааст. Ӯ ду фарзанд дорад ва аз ҳисоби кори кироя рӯзона на бештар аз 30 сомонӣ маблағ ба даст меорад. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, афзоиши нархи орд ба будҷаи бе ин ҳам тиҳӣ ё холии хонаводааш зарба хоҳад зад.
Саттор Халоқов, як сокини дигари пойтахт гуфт, ки чанд рӯзи пеш ду халта ордро ба маблағи 175 сомонӣ харидааст. Ин орд барои як моҳ мерасад ва дар пухтани нону таҳияи дигар навъи хӯришҳои хонагӣ сарф мешавад. Вай мегӯяд, ба фарқ аз моҳҳои пеш, ин моҳ нархи орд ба ҷайби ӯ дар ҳаҷми 60 сомонӣ зарба зад.
Вай мегӯяд, бо ин маблағ метавонист як камбуди дигари зиндагиро ҳал кунад. «Пештар 145-150 сомонӣ мехаридем, лекин якбора қимат шуд. Хонаи мардуми тоҷик бидуни нон намешавад. Хӯроки асосӣ нон ва маҳсулоти нонӣ аст. Дар шаҳр осиёб набошад, ки орд кунӣ. Барои ҳамин бояд орд харем»,-гуфт Халоқов.
Барои хонаводаҳое бо даромади кам пухтани нон дар шароити хона хеле муҳим аст. Бархе ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки буҷаи хонаро бо назардошти арзиши нони тайёр дар бозор ва ҳам таҳияи нон дар хона ҳисоб карда ба хулосае омадаанд, ки таъмини нон аз ҳисоби бозор гоҳо то 70 дарсад гаронтар будааст. Аз ин рӯ, пухтани нон дар шароити хона як бахши муҳими зиндагии ин хонаводаҳо мебошад.
Мақомот мегӯянд, Тоҷикистон солона ба 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад ва ҳудуди як миллиони он аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Боқӣ эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад, ки тақрибан 85 дарсадаш аз Қазоқистон оварда мешавад. Худи тоҷирони тоҷик ҳам мегӯянд, бозори орди кишвар аз Қазоқистон вобаста аст. Бо вуҷуди он ки мардум аз боло рафтани нархи орд нигаронӣ мекунанд, аммо тоҷирон мегӯянд, онҳо маҷбуранд барои нигоҳ доштани тиҷораташон нархро боло баранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ