«Наркошер” то абад зиндонӣ шуд

Барои нахустин бор дар Русия як нафар бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба ҳабси умрбод маҳкум шуд. Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 21 декабр шаҳрванди Тоҷикистон Шералӣ Табаровро бо ҷурми даст доштан дар қочоқи 600 кило ҳероин ба ҳабси абад маҳкум карда, 14 шарики ӯро, ки низ зодагони Тоҷикистонанд, аз 6 то 25 сол ҳукми зиндон дод.

 

Наталя Осипова, сухангӯи додгоҳи вилояти Маскав хабар дод, ки ин додгоҳ рӯзи 21 декабр шаҳрванди Тоҷикистон Шералӣ Табаровро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Табаров нахустин нафарест, ки аз ҷониби додгоҳҳои Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба ҳабси абад шуд.

Наталя Осипова гуфт: «Бо ҳукми додгоҳ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Табаров Шералӣ ба ҳабси абад бо адои ин ҳукм дар зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. 14 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки низ дар чорчӯби ин парванда ба қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир айбдор мешуданд, ба мӯҳлати аз 6 то 25 сол ба зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.”

Додгоҳ аъзои ин шабакаи қочоқбари маводи мухаддирро дар тавлид, қочоқ ва фурӯши ғайриқонунии маводи мухааддир ва умури ғайриқонунии марзи Русия гунаҳкор шинохт. Аъзои ин шабакаи қочоқбар дар маҷмӯъ ба қочоқи ҳудуди 600 кило ҳероини афғонӣ дар солҳои 2012 – 2015 айбдор мешаванд. Ба гуфтаи тафтишот, аъзои ин шабака аз ҷумла дар 4 маврид аз 105 то 190 кило ҳероин ва дар чанд мавриди дигар то 20-килоӣ ҳероинро ба қаламрави Русия интиқол додаанд.

Додситонии кулли Русия рӯзи 17 декабр бо нашри як видео бо номи «Шери умрбод” хабар дод, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи вилояти Маскав барои нахустин бор аз додгоҳ барои яке аз раҳбарони ин шабакаи қочоқбар – Шералӣ Табаров, ки бо лақаби «Шер” маъруф аст, ҳукми зиндони умрбод талаб мекунад: «Додситонӣ преседент месозад. Мо ба додгоҳ пешниҳод мекунем, ки яке аз раҳбарони яке аз бахшҳои сохтории ин гурӯҳи ҷиноӣ Шералӣ Табаров ба ҳабси абад маҳкум шавад.”

Бино ба ин гузориши видеоии додситонии кулли Русия, Шералӣ Табаров, мулаққаб ба «Шер” дар соли 2003 аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Инзинский вилояти Уляновски бо айни ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯро баъдан бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба зодгоҳаш истирдод карданд.

Вале, мегӯяд Александр Куренной, «Шералӣ Табаров баъди чанде аз маҳбаси Тоҷикистон озод шуда, бо шиносномаи қалбакӣ чанд дафъа ба Русия сафар кард ва аз нав раҳбари гурӯҳи ҷиноие шуд, ки ба қочоқи ҳероин аз Афғонистону Тоҷикистон машғул буд.

Бино ба маълумоти мақомоти додситонии Русия, гурӯҳи «Шер” маводи мухаддирро дар мошинҳои боркаш дар даруни олучаву харбуза бор карда, бо роҳҳои қочоқӣ ба Русия меовард.

Шералӣ Табаров дар соли 2014 боздошт шуд, вале баъди дастгир шудани ӯ тақрибан як соли дигар шабакаи қочоқбари сохтааш таҳти раҳбарии шаҳрванди дигари Тоҷикистон Саидҷамол Қурбонов ба фаъолиятҳои қочоқиаш идома додааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Русия гурӯҳҳои қочоқбар бо садҳо кило ҳероину афюни афғонӣ боздошт ва зиндонӣ мешаванд.

Моҳи октябри соли 2014 аз бӯстонсарои Илдар Наримонов, ҳунарпешаи дастаи «Парни из Баку” дар барномаи машҳури КВН 174 кило ҳероин мусодира карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, ин миқдори бузурги маводи мухаддирро аз Осиёи Марказӣ дар қуттиҳои банан овардаанд.

Моҳи майи соли 2013 аз қатори роҳи оҳани Душанбе -Маскав 50 кило ҳероин ва моҳи октябри соли 2015 аз ҳамин қатор 30 кило ҳероин ёфт ва мусодира шуд. Додгоҳи вилояти Астрахан ду роҳбалади қатори Душанбе – Маскав Аъзамқул Носиров ва Алишер Одинаевро бо ҷурми қочоқи 30 кило ҳероин16-солӣ ҳукми зиндон дод.

Моҳи январи соли 2016 дар Перм дар ҷараёни амалиёти «Пастух” аз як оғили гӯсфанд беш аз 100 кило ҳероин мусодира карданд. Дар робита ба ин парванда беш аз 30 нафар, аксар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири «афғонӣ” – ҳероин, афюн ва ҳашиш – табдил ёфтааст. Ҳар сол дар ҳудуди Тоҷикистон аз қочоқбарон беш аз ду тонна маводи мухаддир ёфт ва мусодира мешавад, вале боз ҳам миқдори бузурге аз ин «вабои аср” тавассути шабакаҳои қочоқбар ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия қочоқ мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, дар зиндонҳои Русия беш аз 8000 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан сеяки онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *