Нарзизода иқдоми масъулини Хуҷандро “номуборак” хонд

Раиси бахши мустақилли Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Мирҳусен Нарзизода иқдоми масъулин оид ба планетарияро “номуборак” хонд. 

                              Планетарияро кӣ бо кадом мақсад бунёд карда буд? 

Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас — хонандагони макотиби олӣ ва миёнаи вилояти Суғд, ташаккули фарҳанги илмии сокинони вилоят, роҳ надодан ба хурофотпарастӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва маърифати шаҳрвандон дар шафати калонтарин масҷиди ҷомеъ ва калонтарин бозори шаҳр — бозори Панҷшанбеи Хуҷанди бостон, муассисаи илмӣ-равшаннамоии Планетарияро бунёд карда ва ба истифода дода буд. Аммо имрӯз онро ба ҷои дигар кӯчонида истодаанд. Нарзизода дар изҳороташ “Оид ба пешгирӣ аз валангоркунии Планетарияи ш. Хуҷанд” навиштааст:

-Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон чунин иқдоми номубораки масъулини Ҳукумати шаҳри Хуҷандро, ки барои аз байн бурдани ягона планетария дар Тоҷикистон камари номуборак баста, бад-ин васила барои ташаккулёбии ифротгароӣ ва дигар ҷараёнҳои тундравии динӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард (замоне ки насли ҷавон аз дастранҷҳои илми муосир маҳрум мешавад, он ногузир таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён қарор мегирад), қатъиян маҳкум намуда, аз Ҳукумати вилояти Суғд, Ҳукумати Тоҷикистон ва аз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои пешгирӣ аз харобкорӣ ва аз ҳисоби он соҳибкор ва масъулини ҳукумати ш. Хуҷанд барқарор намудани ин муассисаи илмӣ-равшаннамоӣ — Планетария иқдом варзида, барои рушди тафаккури илмии насли ҷавон дар Соли ҷавонони Тоҷикистон ақаллан дар марказҳои вилоят ва шаҳрҳои калони мамлакат ба бунёди планетарияҳои замонавӣ саҳми муборак гузоранд.
Идомаро дар шумораи навбатии  ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
                                                                                                                                                                 Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *