Насби чароғак дар Кӯлоб: Акнун нороҳатии сокинон бартараф мешавад
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар чорроҳаи маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳр, назди Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чароғаки роҳнамо насб карда шуд.
Бино ба иттилои бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, то ин вақт дар чорроҳаи мазкур тамбашавии нақлиёт, мушкили гузаштани пиёдагардон ва ҳодисаҳои садамавӣ ба масъалаи доғи рӯз барои сокинони шаҳр ва ронандагон мубаддал гардида, боиси нороҳатии онҳо мешуд.
— Бояд гуфт, солҳои зиёд мушкили мазкур боиси ташвиш ва нигаронии ронандагону пиёдагардон гардида буд, ки хушбахтона ба эътидол омад. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади зиёдшавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Кӯлоб ин иқдом дар шаш нуқтаи дигари осебпазири шаҳр низ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад, то бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард пурра таъмин гардад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ