Нашри 6 китоби Ато Мирхоҷа барои бачаҳо

“Нашриёти муосир” шаш адад китоби бачагонаи адиби шинохтаи тоҷик, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ато Мирхоҷаро ба нашр расонид.

Ин китобҳо “Чӯбаки сандалвор”, “Занони номвари тоҷик”, “Фил ва Муш”, «Эҳсосамро шиносам», «Мо калима месозем», ҳамчунин тарҷумаи достони машҳури Корней Чуковский «Духтур Айболит» мебошад.

Китобҳои мазкур  аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо дастгирии ва лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-и USAID чоп шудаанд.

Ато Мирхоҷа шоир, насрнавис ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик аст.  Нахустин маҷмуаи ашъори ӯ соли 2003 бо номи “Ишқ ва ашк” рӯи чоп омада, баъдан ду китоби дигари ишон бо номҳои “Шакарганҷ” (2006), “Нафаси дувум” (2013) ба дасти хонанда расидааст.

Ҳамчунин, номбурда муаллифи романи “Саройи санг” мебошад, ки то имрӯз 3 китоби он ба дасти хонанда расидааст. “Сарои санг” яке аз беҳтарин романҳои замони истиқлол арзёбӣ шуда, бо Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *