Нашри 8 китоби Сайф Раҳимзоди Афардӣ
Ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои нависанда, рӯзноманигор ва коргардони боистеъдоди тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китобҳои ин нависандаи хушбаён бознашр гардиданд.
Китобҳои «Чашми саҳар», «Гунҷишки сафед», «Аз ёдҳо, азёдҳо», «Ситораҳои сари танӯр», «Падруду пайғом», «Васвасаҳои зикривайҳ» ва «Доғҳои офтоб», ки солҳои гузашта ба нашр расида буданд, бо дарназардошти хонандаи зиёд доштанашон дар шароити феълӣ барои насли ҷавони замони Истиқлол дастнорас гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки аксари қиссаву ҳикояҳо инъикосгари рӯзгори мардуми заҳматкаши куҳистон буда, симои қаҳрамонҳои асар воқеӣ ба қалам дода шудааст ва яке аз хусусиятҳои ҷолиби он низ ҳамин аст.
Нашри китобҳои мазкур барои алоқамандони адабиёт туҳфаи арзишманд буда, барои пос доштани хотири яке аз ҷонфидоёни миллату меҳани хеш — Сайф Раҳимзоди Афардӣ амали неку мондагорест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ