Нашри ду китоби профессори тоҷик дар Ҳиндустон
Ду рисолаи илмии доктори илмҳои филологӣ, профессор, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҷоизаҳои вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Маҳастӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорова таҳти унвони “Адабиёти форсӣ дар Кашмир дар асрҳои XVI ва XVII” (550 саҳ.) ва “Ҷамолии Деҳлавӣ ва маснавии “Меҳру Моҳ” (335 саҳ.) аз ҷониби Институти таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон ба хатти форсӣ ба нашр расид.
Рӯнамоии ин китобҳо санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар рӯзи ифтитоҳи Ҳамоиши байналмилалии “Шукуфоии адабиёти форсӣ дар қарни XV ва нимаи аввали асри XVI милодӣ” дар Донишгоҳи Алигарҳ баргузор шуд. Дар рӯнамои китобҳои олимаи тоҷик Ғаффорова Замира ректори Донишгоҳи Алигарҳ, профессор Ториқ Мансур, раиси Анҷумани устодони забон ва адабиёти форсии саросари Ҳинд, профессор Озармидухти Сафавӣ, раиси Институти таҳқиқоти форсии Алигарҳ, профессор Асадалӣ Хуршед, раиси Маркази таҳқиқоти форсии Деҳлӣ, доктор Аҳсануллоҳ Шукруллоҳӣ, муҳаққиқони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Шри-Ланка ва устодони забон ва адабиёти форсии донишгоҳҳои мухталифи Ҳинд, аз ҷумла Деҳлӣ, Лакҳнав, Кашмир, Аллоҳобод, Беҷопур, Мумбай, Ҳайдаробод, Банорас ва ғ. иштирок доштанд.
Ин севумин китоби илмии профессор Замира Ғаффорова аст, ки аз ҷониби ин муассисаи муътабари илмӣ ва панҷумин китоби ин олимаи мумтози тоҷик аст, ки дар сарзамини Ҳинд ба нашр мерасад. Қаблан китобҳои “Арзёбии ду тазкираи маъруфи Ҳинд: “Каламот-уш-шуаро” ва “Сафинаи Хушгӯ” (соли 2017) дар Донишгоҳи Алигарҳ ва маҷмӯаи мақолоти ў — “Ҷониби Ҳиндустон ояд ҳаме” (соли 2011) аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии шаҳри Деҳлӣ ба нашр расида буд. Ҳамчунин, соли 2016 шумораҳои 71-72-юми маҷаллаи бонуфузи “Қанди порсӣ” ба вежаномаи фаъолияти илмии профессор Замира Ғаффорова ихтисос дошт, ки 550 саҳифа мақолаҳои ин донишманди камназири тоҷикро фаро мегирифт. Гуфтанист, ки бори аввал аст, ки маҷаллаи мазкур вежаномаеро барои олимони тоҷик ихтисос медиҳад.
Ба нашр расидани 5 китоби бонуи донишманди тоҷик дар сарзамини Ҳинд аз густариши муносибатҳои илмии Тоҷикистону Ҳиндустон шаҳодат медиҳад.
Бо ин дастоварди беназир муаллимаи азизро табрик мекунем. Бигзор сафи чунин олимаҳо, докторони илм мисли Замира Ғаффорова, Матлубаи Мирзоюнус, Умеда Ғаффорова зиёд шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ