Нашри дуюми китоби Эмомалӣ Раҳмон дар Афғонистон
Китоби Эмомалӣ Раҳмон «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор», бори дуввум дар Афғонистон нашр шуд.
Ин китоби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯзгору осор ва афкори фалсафии Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит бахшида шудааст, аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон бо сифати баланд, нашр шуд.
Як манбаъ аз сафорати Афғонистон ба мо гуфт, ки сабаби нашри дуюмбораи китоби президент, аз серталаб будани он дар ҳамсоякишвари мо будааст. Ин китоби арзишманд аз ҷониби доираҳои илмӣ, фарҳангӣ, динӣ ва хонандагони сершумори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истиқболи гарм ёфтааст.
Китоб аз ҷониби интишороти Амирӣ бо ҳуруфи арабиасоси форсӣ ва бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ