Нашри китоби «Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ»

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов китоберо бо номи «Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ» бо забонҳои – тоҷикӣ ва русӣ дар нашриёти «Андалеб»-и Душанбе аз чоп баровард.
Муаллиф дар китоби мазкур оид ба дастоварди бузурги гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро-2016 нақл карда мешавад. Дилшод гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дода, ба унвони қаҳрамони олимпӣ мушарраф гашт. Зимнан, ин нахустин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мегардад.
Инчунин дар ин китоб хонанда роҷеъ ба натиҷаҳои нишондодаи дастаи мунтахаби кишвар дар Олимпиадаи Рио-2016 маълумот пайдо мекунад.
Бинобар иттилои дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва муҳаррири масъули ин китоб Баҳрулло Раҷабалиев, мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 бо шумули ҳафт варзишгар ширкат дошт, мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд ва дар байни 206 кишвар дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Ин натиҷа нисбат ба Олимпиадаи Лондон дар соли 2012-ум 25 зина болост.
Китоби мазкур, ки онро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар ба табъ расондааст, ҳамчун манбаи иттилоотӣ барои доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла, ҷавонон, донишҷӯёну устодон, кормандону хабарнигорони соҳа, муаррихону муҳаққиқон ва алоқамандони варзиш пешбинӣ шудааст.
Нарзулло Латифов китоби нави худ “Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ”-ро ба ширкаткунандагони ҳамоиши роҳбарони Кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика ва Гурҷистон, ки рӯзҳои 6-7 октябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, тақдим намуд.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *