Нашри китоби тозаи Ҷумъа Мирзо

Имрӯз тариқи матбааи “Озар” китоби нави рӯзноманигор ва ҳаҷвнависи шинохта Ҷумъа Мирзо бо номи “Хумори ханда” аз нашр баромад.

Дар маҷмӯа ҳикояҳои ҳаҷвӣ, латифа, мутоиба ва шӯхиҳои дар солҳои мухталиф эҷодкардаи муаллиф ҷой дода шудаанд. Китоби мазкур бо теъдоди 500 нусха аз маблағи худи муаллиф чоп шудааст.

То ҳол чанд маҷмӯаҳои ҳаҷвии Ҷумъа Мирзо таҳти унвони “Як бағал ханда”, “Аз таҳти дил хандидем”, “Хандағелак” ва “Шаҳди ханда” манзури хонандагон гашта буданд.

Ҷумъа Мирзо котиби масъули нашрияи бачагонаи “Анбоз” буда, нигоштаҳои ҳаҷвияш пайваста дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *