Нашри куллиёти 26 –ҷилдаи Айнӣ ва 7-ҷилдаи Лоҳутӣ 

Куллиёти устод Садриддин Айнӣ дар 26 ҷилд ва аз Абулқосим Лоҳутӣ дар 7 ҷилд аз ҷониби Институти забон ва адбиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон нашр хоҳад шуд. Дар ин бора Сахидод Раҳматуллозода, директории Институти забон ва адабиёт иттилоъ дод. Ба гуйфти манбаъ ин китобҳо ба муносибати ҷашни 130 солагии Абулқосим Лоҳутӣ – шоири инқилобии тоҷик ва устод Садриддин Айнӣ – сардафтари адабиёти муосири тоҷик нашр мешавад.

Маблағгузории чопи китобҳоро Академияи илмҳои Тоҷикистон ба дӯш гирифтааст.

«Куллиёти устод Лоҳутӣ аз ҷониби марҳум академик Хуршеда Отахонова омода шуда буд. Фақат эшон дар таҳрири охири он ширкат карда натавонистанд. Ҳоло гурӯҳи корӣ ташкил шудааст ва то охири ҳамин сол матни илмӣ интиқодии куллиёти устод Лоҳутӣ ба муносибати 130 солагии мавлудашон, дар 7 ҷилд нашр мешавад. Куллиёти устод Айнӣ бошад, дар 26 ҷилд то соли 2020 пурра ба дасти хонандагон хоҳад расид. »-гуфт, Раҳматуллозода.

 Ёдовар мешавем, ки чопи куллиёти Абулқосим Лоҳутӣ ханӯз солҳои 70-уми асри гузашта ба муносибати 100 –солагии шоир оғоз шуда, пас аз нашри ҷилдҳои 1-ум ва 2-юми он чопаш мавқуф гузошта шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ низ аз ҷониби академик Хуршеда Отахонова як гурӯҳи корӣ ташкил шуда, куллиёт дар 7-ҷилд омода гардид ва боз ҷилдҳои 1 ва 2 нашр шуда, чопи ҷилдҳои баъдӣ сурат нагирифта буд.

Куллиёти устод Айнӣ бошад як маротиба дар 14 ҷилд дастраси умум гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *